Футболбозони ҷавони тоҷик дастаи Малдивро бо ҳисоби 9:0 мағлуб карданд

Дар бозии аввали мусобиқаи Чемпионати Осиё-2020 дар гурӯҳи “С” мунтахаби футболи ҷавонони Тоҷикистон (U-19) бо ҳисоби 9:0 бар ҳамсолони худ аз Малдив дастболо шуданд. Бино ба иттилои Федератсияи футболи ҷумҳурӣ, бозии дигар дар гурӯҳи “С” байни дастаҳои Сурия ва Лубнон мусовӣ – 1:1 анҷом пазируфт. Дар даври дуюми мусобиқа футболбозони ҷавони Тоҷикистон рӯзи ҷумъа, 4-уми […]

Asia-Plus

Дар бозии аввали мусобиқаи Чемпионати Осиё-2020 дар гурӯҳи “С” мунтахаби футболи ҷавонони Тоҷикистон (U-19) бо ҳисоби 9:0 бар ҳамсолони худ аз Малдив дастболо шуданд.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи ҷумҳурӣ, бозии дигар дар гурӯҳи “С” байни дастаҳои Сурия ва Лубнон мусовӣ – 1:1 анҷом пазируфт.

Дар даври дуюми мусобиқа футболбозони ҷавони Тоҷикистон рӯзи ҷумъа, 4-уми октябр бо дастаи Лубнон бозӣ мекунанд.

Ин бозӣ соати 19:00 дар Варзишгоҳи марказии Душанбе оғоз мешавад. Дар бозии дигари гурӯҳ соати 16:00 дастаҳои Сурия ва Малдив вомехӯранд.

Қобили зикр аст, ки аз рӯйи натиҷаҳои даври интихобӣ ғолибони 11 гурӯҳ, ҳамчунин 4 дастаи зинаи дуюми гурӯҳҳо бо натиҷаҳои беҳтарин ба даври финалии Чемпионати Осиё-2020, ки соли оянда дар Ӯзбекистон баргузор мешавад, роҳхат мегиранд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.