Дар фурудгоҳи Хуҷанд терминали нав муваққатан фаъол шуд

Терминали нави мусофиркашонӣ дар фурудгоҳи байнулмилалии Хуҷанд аз 1-уми октябр муваққатан ба фаъолият шурӯъ кард. Дар ин бора ба Asia-Plus котиби матбуотии фурудгоҳи Хуҷанд Юсуф Маюсуфов иттилоъ дод. “Роҳбарияти ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд” бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои мусофирон ва пешвозгирию гусели онҳо дар фаслҳои тирамоҳу зимистон бинои терминали мусофиркашонии навро ба истифода дод. Ин […]

Терминали нави мусофиркашонӣ дар фурудгоҳи байнулмилалии Хуҷанд аз 1-уми октябр муваққатан ба фаъолият шурӯъ кард.

Дар ин бора ба Asia-Plus котиби матбуотии фурудгоҳи Хуҷанд Юсуф Маюсуфов иттилоъ дод.

“Роҳбарияти ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд” бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои мусофирон ва пешвозгирию гусели онҳо дар фаслҳои тирамоҳу зимистон бинои терминали мусофиркашонии навро ба истифода дод. Ин ҳоло кушодашавии расмӣ нест, танҳо муваққатӣ”, – иброз дошт котиби матбуотӣ.

Вай афзуд, ки феълан дар толори интизории терминали нав шароити зарурӣ барои будубош ва иттилотонии мусофирон муҳайё карда шудааст. Акнун мусофирон метавонанд то оғози бақайдгирӣ вориди толори нав шаванд.

Ҳамчунин дар назар аст, ки барои қабулу гусели мусофирон дар толори нав дигар шароити зарурӣ низ батадриҷ фароҳам мешавад.

Корҳои сохтмонии терминал соли 2016 шурӯъ гардиданд. Баъд аз анҷоми сохтмон терминал метавонад дар як соат ба 500 мусофир хизмат расонад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.