Ширкати ҳавопаймоии «Уральские авиалинии» хатсайри мавсимии Воронеж-Душанбе-Воронежро ба роҳ мемонад. Дар ин бора саҳифаи Фурудгоҳи байнулмилалии Воронеж хабар медиҳад.
“Парвозҳо ҳар рӯзи шанбе бо Airbus A320 анҷом дода мешаванд. Ин ҳавопаймо дорои 162 ҷоий нишаст мебошад”, – хабар медиҳад дафтари матбуоти фурудгоҳ.
Гуфта мешавад, аз 2-юми ноябр ба ин монанд хатсайри самти Қирғизистон «Ош-Воронеж-Ош» роҳандозӣ хоҳад шуд.
Дар намояндагии «Уральские авиалинии» дар Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” ин маълумотро тасдиқ карда, гуфтанд, ки замони оғози парвозҳо боз дақиқ мешавад.
“Аслан ифтитоҳи хатсайри самти Воронеж-Душанбе-Воронеж дар нақша буда, масъала қисман мувофиқа шудааст. Рӯзи оғози парвозҳо дақиқ мешавад”, – хабар доданд дар намояндагӣ.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.


