Фавти 7 сокини вилояти Суғд аз офатҳои табиӣ дар нӯҳ моҳ

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Дар вилояти Суғд зарфи 9 моҳи соли равон 557 ҳодисаи гуногуни фавқулода ба қайд гирифта шуда, ба хоҷагии халқ ва иқтисоди он беш аз 14 миллиону 345 ҳазор сомонӣ зарар расидааст.

Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, тӯли ин муддат аз офатҳои табиӣ дар шимоли кишвар 7 нафар ба ҳалокат расиданд. Аммо дар ҳамин давраи соли 2018 дар ҳудуди вилояти Суғд 532 ҳодисаи фавқулоддаи хусусияти гуногундошта ба амал омада буд, ки бар асари онҳо 106 нафар ҷон бохтанд.

Ин рақамҳо имрӯз дар ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти нуҳмоҳаи раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд эълон гардид. Сардори шуъбаи оперативӣ ва сафарбарии раёсат майор Зуҳриддин Нуралиев гуфт, ки дар нӯҳ моҳи соли 2018 ҳодисаҳои фавқулода ба маблағи 16 миллиону 310 ҳазор сомонӣ зарар расонда буд.

Соли ҷорӣ дар ҳудуди вилоят 9 ҳодисаи фавқулоддаи хусусияти табиӣ дошта ба қайд гирифта шудааст. Аз ҷумла, 13-уми январ дар натиҷаи лағзиши тарма дар деҳаи Роғичи шаҳри Панҷакент 2 нафар ба ҳалокат расиданд. Сипас 17-уми январ боз ҳам бар асари лағзиши тарма дар деҳаи Ҳафтрӯд 1 сокини он фавтид. Рӯзи 24-уми апрел аз резиши санг дар километри 155-уми шоҳроҳи “Душанбе-Чаноқ” авомашинаи тамғаи “Toyota Land Cruiser Prado” зарар дид ва шаҳрванди 41-солаи пойтахти кишвар ба ҳалокат расид.

Ҳамзамон наҷотбахшон дар 78 амалиёти кофтуков, пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда ширкат варзиданд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...