Фавти 7 сокини вилояти Суғд аз офатҳои табиӣ дар нӯҳ моҳ

Дар вилояти Суғд зарфи 9 моҳи соли равон 557 ҳодисаи гуногуни фавқулода ба қайд гирифта шуда, ба хоҷагии халқ ва иқтисоди он беш аз 14 миллиону 345 ҳазор сомонӣ зарар расидааст. Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, тӯли ин муддат аз офатҳои табиӣ дар шимоли кишвар 7 нафар ба ҳалокат расиданд. Аммо дар […]

Дар вилояти Суғд зарфи 9 моҳи соли равон 557 ҳодисаи гуногуни фавқулода ба қайд гирифта шуда, ба хоҷагии халқ ва иқтисоди он беш аз 14 миллиону 345 ҳазор сомонӣ зарар расидааст.

Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, тӯли ин муддат аз офатҳои табиӣ дар шимоли кишвар 7 нафар ба ҳалокат расиданд. Аммо дар ҳамин давраи соли 2018 дар ҳудуди вилояти Суғд 532 ҳодисаи фавқулоддаи хусусияти гуногундошта ба амал омада буд, ки бар асари онҳо 106 нафар ҷон бохтанд.

Ин рақамҳо имрӯз дар ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти нуҳмоҳаи раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд эълон гардид. Сардори шуъбаи оперативӣ ва сафарбарии раёсат майор Зуҳриддин Нуралиев гуфт, ки дар нӯҳ моҳи соли 2018 ҳодисаҳои фавқулода ба маблағи 16 миллиону 310 ҳазор сомонӣ зарар расонда буд.

Соли ҷорӣ дар ҳудуди вилоят 9 ҳодисаи фавқулоддаи хусусияти табиӣ дошта ба қайд гирифта шудааст. Аз ҷумла, 13-уми январ дар натиҷаи лағзиши тарма дар деҳаи Роғичи шаҳри Панҷакент 2 нафар ба ҳалокат расиданд. Сипас 17-уми январ боз ҳам бар асари лағзиши тарма дар деҳаи Ҳафтрӯд 1 сокини он фавтид. Рӯзи 24-уми апрел аз резиши санг дар километри 155-уми шоҳроҳи “Душанбе-Чаноқ” авомашинаи тамғаи “Toyota Land Cruiser Prado” зарар дид ва шаҳрванди 41-солаи пойтахти кишвар ба ҳалокат расид.

Ҳамзамон наҷотбахшон дар 78 амалиёти кофтуков, пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда ширкат варзиданд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.