Тасмими ба Тоҷикистон бозовардани 575 зану кӯдак аз паноҳгоҳҳои Сурия

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, ки занону кӯдакони дар паноҳгоҳҳои Сурия қарордоштаро ба Ватан баргардонад.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, ин масъала дар мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода бо муовини аввали вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Арабии Сурия Файсал ал-Миқдод баррасӣ шудааст. Дар ин вохӯрӣ сардорони раёсатҳои Осиё, консулӣ, ташрифот ва созмонҳои байнулмилалии Вазорати корҳои хориҷии он кишвар низ ҳузур доштаанд.

Гуфта мешавад, масъалаи муайян кардани шахсияту шумораи шаҳрвандони мо дар Сурия ва роҳҳои баргардонидани онҳо ба Ватан мавзӯи меҳварии ин мулоқот буд. Зимнан густариши ҳамкориҳои миёни ду кишвар дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла, мубориза бо терроризму экстремизм бо назардошти таҷрибаи фаровони он кишвар дар ин самт мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифта, атрофи вазъияти минтақаи Ховари Миёна табодули афкор сурат пазируфт.

Ёдрас мекунем, аввали моҳи августи соли ҷорӣ вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин иттилоъ дода буд, ки дар паноҳгоҳҳои Сурия 86 зану 468 нафар кӯдакони тоҷик ва дар зиндонҳои Ироқ 43 зану 1 кӯдаки тоҷик нигаҳдорӣ мешаванд.

Марҳабо Олимӣ, муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ аз рӯйи натиҷаҳои шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ изҳор дошт, ки мақомоти Тоҷикистон талоши овардани 158 зан аз зиндонҳои хориҷро доранд. Ба иттилои ӯ, аз шумори занон 90 нафарашон дар зиндонҳои Русия, 48 нафар дар давлатҳои Сурияву Ироқ ва боқимонда дар Чин ва Туркия қарор доранд.

Қобили зикр аст, ки бо дастгирии ҳукумати Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо ҳамаи ниҳодҳо рӯзи 30-юми апрели соли равон 84 нафар кӯдакон тавассути ҳавопаймои махсус аз Бағдод ба Душанбе баргардонида шуданд.

Инҳо кӯдакони ҷангиёни тоҷики узви гурӯҳҳои ифротӣ мебошанд, ки дар урдугоҳ ва ё зиндонҳои Ироқ қарор доштанд. Бархе аз онҳоро волидон ҳамроҳашон ба Ироқ бурда, кӯдакони дигар дар ҳамон ҷо ба дунё омадаанд. Падарони аксари онҳо кушта шуда, модаронашон барои ҳамдастӣ бо такрибкорон дар зиндонҳои Ироқ қарор доранд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...