Тасмими ба Тоҷикистон бозовардани 575 зану кӯдак аз паноҳгоҳҳои Сурия

Ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, ки занону кӯдакони дар паноҳгоҳҳои Сурия қарордоштаро ба Ватан баргардонад. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, ин масъала дар мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода бо муовини аввали вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Арабии Сурия Файсал ал-Миқдод баррасӣ шудааст. Дар ин вохӯрӣ сардорони раёсатҳои Осиё, консулӣ, ташрифот ва созмонҳои байнулмилалии Вазорати […]

Ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, ки занону кӯдакони дар паноҳгоҳҳои Сурия қарордоштаро ба Ватан баргардонад.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, ин масъала дар мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода бо муовини аввали вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Арабии Сурия Файсал ал-Миқдод баррасӣ шудааст. Дар ин вохӯрӣ сардорони раёсатҳои Осиё, консулӣ, ташрифот ва созмонҳои байнулмилалии Вазорати корҳои хориҷии он кишвар низ ҳузур доштаанд.

Гуфта мешавад, масъалаи муайян кардани шахсияту шумораи шаҳрвандони мо дар Сурия ва роҳҳои баргардонидани онҳо ба Ватан мавзӯи меҳварии ин мулоқот буд. Зимнан густариши ҳамкориҳои миёни ду кишвар дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла, мубориза бо терроризму экстремизм бо назардошти таҷрибаи фаровони он кишвар дар ин самт мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифта, атрофи вазъияти минтақаи Ховари Миёна табодули афкор сурат пазируфт.

Ёдрас мекунем, аввали моҳи августи соли ҷорӣ вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин иттилоъ дода буд, ки дар паноҳгоҳҳои Сурия 86 зану 468 нафар кӯдакони тоҷик ва дар зиндонҳои Ироқ 43 зану 1 кӯдаки тоҷик нигаҳдорӣ мешаванд.

Марҳабо Олимӣ, муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ аз рӯйи натиҷаҳои шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ изҳор дошт, ки мақомоти Тоҷикистон талоши овардани 158 зан аз зиндонҳои хориҷро доранд. Ба иттилои ӯ, аз шумори занон 90 нафарашон дар зиндонҳои Русия, 48 нафар дар давлатҳои Сурияву Ироқ ва боқимонда дар Чин ва Туркия қарор доранд.

Қобили зикр аст, ки бо дастгирии ҳукумати Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо ҳамаи ниҳодҳо рӯзи 30-юми апрели соли равон 84 нафар кӯдакон тавассути ҳавопаймои махсус аз Бағдод ба Душанбе баргардонида шуданд.

Инҳо кӯдакони ҷангиёни тоҷики узви гурӯҳҳои ифротӣ мебошанд, ки дар урдугоҳ ва ё зиндонҳои Ироқ қарор доштанд. Бархе аз онҳоро волидон ҳамроҳашон ба Ироқ бурда, кӯдакони дигар дар ҳамон ҷо ба дунё омадаанд. Падарони аксари онҳо кушта шуда, модаронашон барои ҳамдастӣ бо такрибкорон дар зиндонҳои Ироқ қарор доранд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.