«AP Expert» – хабарномаи нави таҳлилии «Азия-Плюс»

Asia-Plus

Хабаргузории “Азия-Плюс” ба нашри нави маҳсулоти худ – хабарномаи ҳармоҳаи таҳлилӣ шурӯъ кард.

Ба шумораи аввали хабарнома (бюллетен)-и «AP Expert» маводи коршиносон дар бораи муноқиша дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон ва эҳтимоли минбаъд чӣ гуна сурат гирифтани он, хатарҳои ба варшикастагӣ (дефолт) дучор шудани бозори асъор дар кишвар, сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолӣ, дурнамои ҳамгироии Тоҷикистон ба лоиҳаҳои гуногуни ҷаҳонӣ дохил шуданд.

Масоили минтақавӣ дар шакли таҳлили нақши Толибон дар Афғонистон, таҷрибаи ислоҳоти иқтисодӣ дар Ӯзбекистон ва дигар мавод пешкаш мешавад.

“Дар сиёсату иқтисод ва бахши иҷтимоии Тоҷикистон ва саросари минтақаи Осиёи Марказӣ мунтазам рӯйдодҳое сурат мепазиранд, ки ба таҳлили воқеъбинона ва баррасии бодиққату ҳамаҷониба ниёз доранд, – мегӯяд Умед Бобохонов, сарвари кулли “Азия-Плюс”. – Ба ҳар кадоме аз мо, агар тиҷоратеро сарварӣ кунему роҳбари Ташкилоти ҷамъитӣ ё сохтори давлатӣ бошем, донистани чӣ паёмадҳо доштани ин ё он рӯйдоду ҳодиса ва таъсири он ба кору зиндагиамон муҳим аст”.

Дар хабарномаи «AP Expert» мо талош хоҳем варзид, ки мувофиқи имкону шароит ба ин гуна суолҳо посухи босалоҳият ва кушоду возеҳ диҳем.

Муҳаррири шумораи аввали хабарнома сиёсатшиноси тоҷик Парвиз Муллоҷонов мебошад.

Ба гуфтаи ношир, хабарнома ҳар моҳ як маротиба ба забонҳои русӣ ва англисӣ нашр шуда, тариқи имайл ба обуначиён фиристода мешавад.

Бо масъалаҳои обуна ба суроғаи зерин муроҷиат карда метавонед: [email protected]

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...