«AP Expert» – хабарномаи нави таҳлилии «Азия-Плюс»

Хабаргузории “Азия-Плюс” ба нашри нави маҳсулоти худ – хабарномаи ҳармоҳаи таҳлилӣ шурӯъ кард. Ба шумораи аввали хабарнома (бюллетен)-и «AP Expert» маводи коршиносон дар бораи муноқиша дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон ва эҳтимоли минбаъд чӣ гуна сурат гирифтани он, хатарҳои ба варшикастагӣ (дефолт) дучор шудани бозори асъор дар кишвар, сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолӣ, дурнамои ҳамгироии […]

Хабаргузории “Азия-Плюс” ба нашри нави маҳсулоти худ – хабарномаи ҳармоҳаи таҳлилӣ шурӯъ кард.

Ба шумораи аввали хабарнома (бюллетен)-и «AP Expert» маводи коршиносон дар бораи муноқиша дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон ва эҳтимоли минбаъд чӣ гуна сурат гирифтани он, хатарҳои ба варшикастагӣ (дефолт) дучор шудани бозори асъор дар кишвар, сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолӣ, дурнамои ҳамгироии Тоҷикистон ба лоиҳаҳои гуногуни ҷаҳонӣ дохил шуданд.

Масоили минтақавӣ дар шакли таҳлили нақши Толибон дар Афғонистон, таҷрибаи ислоҳоти иқтисодӣ дар Ӯзбекистон ва дигар мавод пешкаш мешавад.

“Дар сиёсату иқтисод ва бахши иҷтимоии Тоҷикистон ва саросари минтақаи Осиёи Марказӣ мунтазам рӯйдодҳое сурат мепазиранд, ки ба таҳлили воқеъбинона ва баррасии бодиққату ҳамаҷониба ниёз доранд, – мегӯяд Умед Бобохонов, сарвари кулли “Азия-Плюс”. – Ба ҳар кадоме аз мо, агар тиҷоратеро сарварӣ кунему роҳбари Ташкилоти ҷамъитӣ ё сохтори давлатӣ бошем, донистани чӣ паёмадҳо доштани ин ё он рӯйдоду ҳодиса ва таъсири он ба кору зиндагиамон муҳим аст”.

Дар хабарномаи «AP Expert» мо талош хоҳем варзид, ки мувофиқи имкону шароит ба ин гуна суолҳо посухи босалоҳият ва кушоду возеҳ диҳем.

Муҳаррири шумораи аввали хабарнома сиёсатшиноси тоҷик Парвиз Муллоҷонов мебошад.

Ба гуфтаи ношир, хабарнома ҳар моҳ як маротиба ба забонҳои русӣ ва англисӣ нашр шуда, тариқи имайл ба обуначиён фиристода мешавад.

Бо масъалаҳои обуна ба суроғаи зерин муроҷиат карда метавонед: [email protected]

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.