Бунёди Оғо Хон сохтмони 50 км роҳи Хатлонро ба уҳда гирифт

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Бунёди Оғо Хон уҳдадор шуд, ки барои сохтмони роҳи масофааш 50 километр аз ноҳияи Восеъ то ноҳияи Фархори вилояти Хатлон маблағ дарёфт кунад.

Ин уҳдадории Бунёд дар доираи созишномаи сохтмони пул дар болои дарёи Панҷ, ки Тоҷикистону Афғонистонро дар ноҳияи Фархор пайваст мекунад, амалӣ мешавад.

“Бунёди Оғо Хон дар Тоҷикистон бо пешниҳоди ҳамкорӣ дар мавриди сохтмони пул дар дарёи Панҷ, ки мавзеи Кокули Фархорро бо мавзеи Ойхонуми Афғонистон мепайвандад, муроҷиат кард”, – хабар дод муовини аввали вазири нақлиёти Тоҷикистон Суҳроб Мирзозода рӯзи 16-уми октябр дар ҷараёни тасдиқи созишномаи дахлдор дар ин хусус аз ҷониби палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон.

Ӯ қайд кард, ки пас аз гуфтушунидҳои тӯлонӣ Бунёд розӣ шудааст, дар доираи созишномаи моҳи апрели соли равон имзошуда, давра ба давра воситаҳои шарикони рушдро барои сохтмони роҳи масофааш 50 километр дар вилояти Хатлон ҷалб намояд.

Муовини аввали вазири нақлиёт таъкид дошт, ки дарозии пул 297 метр, паҳноиаш 4,5 метр, иқтидори борбардориаш 60 тонна ва дарозии роҳҳои ҳамшафату наздик ба пул 18,5 километрро ташкил хоҳад дод.

Ба гуфтаи ӯ, арзиши пешакии сохтмони пул ва роҳҳои ҳамшафату наздики он 9,8 млн. долларро ташкил дода, ин маблағ аз ҷониби Комиссияи Аврупо тавассути Бонки рушди Олмон ҷудо мешавад.

Мирзозода зикр кард, ки арзиши ниҳоии сохтмони пул ва роҳҳо пас аз анҷоми корҳои лоиҳакашӣ, ки айни замон муассисаи зертобеъи Вазорати нақлиёт “Лоиҳакаш” ба он машғул аст, муайян карда мешавад.

Таъкид шуд, ки дар сарҳади байни Тоҷикистону Афғонистон Бунёди Оғо Хон дар қаламрави ВМКБ (Хоруғ, Ишкошим, Ванҷ ва Дарвоз) 4 пул ва дар вилояти Хатлон (ноҳияи Шамсиддини Шоҳин) 1 пул сохтааст.

Ба гуфтаи муовини аввали вазири нақлиёт, масофаи умумии роҳҳои иншооти сохташуда зиёда аз 800 метр аст.

“Роҳандозӣ ва тавсеаи савдои наздисарҳадӣ бо таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ҳамчунин ифтитоҳи хатсайрҳои нави нақлиётӣ аз ҷумлаи ҳадафҳои бунёди пул дар ноҳияи Фархор маҳсуб меёбад”, – илова кард Суҳроб Мирзозода.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...