Оғози мурофиаи блогероне, ки фоҳишаҳоро навор гирифтанд

Дар Душанбе баррасии парванда нисбат ба 4 нафар блогерон оғоз гардид, ки дар ғайриқонунӣ ҷамъоварӣ ва паҳн кардани маълумот оид ба ҳаёти шахсӣ айбдор мешаванд. Мурофиа дар суди ноҳияи Фирдавсии пойтахт мегузарад. Рӯзи 15-уми октябр дар ҷаласаи дуюм нишондодҳои блогерон ва се нафар ҷабрдидагон аз амалҳои онҳо шунида шуданд. “Ҷабрдидагон шикояти худро бо он асоснок карданд, […]

Дар Душанбе баррасии парванда нисбат ба 4 нафар блогерон оғоз гардид, ки дар ғайриқонунӣ ҷамъоварӣ ва паҳн кардани маълумот оид ба ҳаёти шахсӣ айбдор мешаванд.

Мурофиа дар суди ноҳияи Фирдавсии пойтахт мегузарад. Рӯзи 15-уми октябр дар ҷаласаи дуюм нишондодҳои блогерон ва се нафар ҷабрдидагон аз амалҳои онҳо шунида шуданд.

“Ҷабрдидагон шикояти худро бо он асоснок карданд, ки пас аз нашри видео шахсият ва шуғли онҳо ба наздикону шиносҳо ошкор шуда, “ба онҳо занг мезананд ва дар ин бора мепурсанд”. Ҳамзамон блогерон ба гуноҳи худ дар ин амал иқрор шуданд”, – хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз суд.

Ба гуфтаи ӯ, мурофиаи судӣ идома дошта, ҷаласаи навбатӣ рӯзи сешанбе, 22-юми октябр доир мешавад.

Ёдрас мекунем, ки охири моҳи июли соли равон 4 блогери тоҷик барои гузоштани навори видео бо номи “Барон ва Рустам, рейди фоҳишаҳо дар трасса” дар YouTube боздошт шуданд.

Навори блогерон дар бораи даст задани занону духтарон ба тиҷорати шаҳвонӣ дар ҳудуди пойтахт мавриди вокуниш ва интиқоди шадиди корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ қарор гирифта, ба муроҷиати занону духтарон ба Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе боис гардид. Муроҷиаткунандагон хостори андешидани чораҳои қонунӣ нисбат ба таҳиягарон ва ноширони ин видео дар Интернет шуданд.

“Воқеан, таҳиягарони ин навор меъёрҳои ахлоқиро риоя накарда, дар баробари ошкорнамоии шахсияти онҳо ҳамзамон шаъну шарафи занону духтаронро бо ин роҳ паст задаанд”, – хабар дода буд он замон дафтари матбуоти РВКД-и Душанбе.

Зикр гардида буд, нафароне, ки худро блогер медонанду бо ин роҳ мехоҳанд маблағ ба даст оваранд, бояд меъёрҳои ахлоқиро риоя карда, дар доираи қонун фаъолиятро ба роҳ монанд.

Баъди раҳоӣ аз боздоштгоҳ блогерон боз як навори видео нашр карда, изҳор доштанд, ки онҳо шаъну эътибори касеро паст заданиву бо ин амал пул ба даст оварданӣ набуданд ва танҳо муносибати ҷомеаро нисбат ба чунин занон тағйир доданӣ буданд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.