Рустами Эмомалӣ футболбозони навраси точикро ба Бразилия гусел кард

Asia-Plus

Субҳи имрӯз ҳайати дастаи мунтахаби футболи наврасони то 17-солаи Тоҷикистон тариқи хатсайри Душанбе-Истанбул ба шаҳри Сан-Паулуи Бразилия раҳсипор шуд. Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дирӯз пеш аз сафар бо бозигарон ва мураббиёну ҳайати раҳбарии даста вохӯрд.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи ҷумҳурӣ, вохӯрӣ дар маҷмааи “Кохи Наврӯз”-и пойтахт баргузор шуда, Рустами Эмомалӣ ба ҳайати даста дар бозиҳои чемпионати ҷаҳон барору комёбӣ орзу кард.

“Иштирок дар чемпионати ҷаҳон барои ҳар як футболбоз ифтихори бузург ва масъулияти баланд аст. Заҳмату иродаи қавӣ соли гузашта ба шумо имкон дод, ки дар Чемпионати Осиё дар Малайзия  ба комёбӣ ноил гардида, ба чемпионати ҷаҳон роҳхат гиред. Дар мусобиқаи Чемпионати ҷаҳон-2019 тамоми мардуми Тоҷикистон ба шумо мухлисӣ хоҳанд кард. Мисли як оилаи ягонаву муттаҳид бошед. Дастурҳои мураббиёнро иҷро карда, барои ифтихори Тоҷикистони дӯстдоштаамон аз тамоми имконият истифода кунед. Дар Чемпионати ҷаҳон дар Бразилия бароятон барору комёбӣ орзу мекунам”, – гуфт Рустами Эмомалӣ.

Ба ҳайати дастаи Тоҷикистон дар Чемпионати ҷаҳон-2019 дар Бразилия 21 бозигар – 3 дарвозабон, 6 ҳимоятгар, 7 нимҳимоятгар ва 5 ҳамлагар шомил шуданд.

Дар Чемпионати ҷаҳон-2019 байни футболбозони то 19-сола, ки аз 26 октябр то 17 ноябр дар Бразилия баргузор мешавад, футболбозони навраси тоҷик дар гурӯҳи “Е” бо дастаҳои Испания, Аргентина ва Камерун бозӣ мекунанд.

Дар мусобиқаи даври гурӯҳӣ мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон рӯзи 28-уми октябр бо тими Камерун (20:00-и шоми 28 октябр ба вақти маҳаллӣ ва соати 04:00-и субҳи 29 октябр ба вақти Душанбе), 31-уми октябр бо дастаи Испания (соати 01:00-и 1 ноябр ба вақти Душанбе) ва 3-юми ноябр бо мунтахаби Аргентина (соати 01:00-и 4 ноябр ба вақти Душанбе) рақобат мекунад.

Ҳамаи бозиҳои мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон дар варзишгоҳи «Estаdio Klеber Andrade»-и шаҳри Кариасика баругзор мешаванд.

Аз рӯйи натиҷаҳои қуръапартоии мусобиқаи Чемпионати ҷаҳон-2019 байни наврасон 24 даста ба 6 гурӯҳ тақсим карда шуданд. Ба даври минбаъдаи мусобиқа ду дастаи беҳтарини гурӯҳҳо, ҳамчунин 4 дастаи зинаҳои сеюми гурӯҳҳо бо нишондодҳои беҳтарин роҳхат мегиранд.

Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон (U-17) барои иштирок дар Чемпионати ҷаҳон-2019:

Дарвозабонҳо: Шоҳрух Қирғизбоев, Самандар Каримов (ҳар ду аз «Локомотив-Помир»), Муҳриддин Ҳасанов («Парвоз»);

Ҳимоятгарон: Исроил Холов, Шаҳром Назаров, Ҷонибек Шарипов, Меҳробҷон Азимов, Муҳаммадрасул Лутфуллоев, Шоҳрух Сангов (ҳама аз «Локомотив-Помир»);

Нимҳимоятгарон: Ҳамадонӣ Камолов, Эмомалӣ Аҳмадхон, Шарифбек Раҳматов, Нидоёр Забиров, Озодбек Панҷиев, Шӯҳрат Элмуродов, Умедҷон Холиқов (ҳама аз «Локомотив-Помир»);

Ҳамлагарон: Ислом Зоиров, Рустам Соиров, Азизбек Ҳасанов, Парвиз Хоҷиев (ҳама аз «Локомотив-Помир»), Сунатулло Исмоилов («Хатлон»).

Ҳайати раҳбарӣ: Анваршо Мирзоев – роҳбари ҳайат, Азизҷон Достиев – менеҷер, Зайниддин Раҳимов – сармураббӣ,  Сафаралӣ Раҳмонов – мураббӣ, Субҳон Хоҷамов – мураббӣ, Мусаси Мидзусима – мураббӣ, Асатулло Норов – мураббии дарвозабонҳо, Фаррух Авезов – табиб, Баҳодур Носиров – табиб, Фаридун Солиев – афсари расонаӣ.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...