Сайёҳон Тоҷикистонро кишвари бехатар медонанд

Сайёҳи хориҷӣ муддати 6-12 рӯзи ҳузури худ дар ҷумҳурӣ ба ҳисоби миёна 800-1200 доллар сарф мекунад, ки аз нишондиҳандаи миёнаи ҷаҳонӣ хеле паст аст. Дар ин бора зимни як назарсанҷӣ миёни ширкатҳои сайёҳӣ гуфта шудааст, ки он бо дастгирии Бонки ҷаҳонӣ доир гардид. Ин дар ҳолест, ки тибқи маълумоти Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ (UNWTO), ҷаҳонгардони ҳавасманди саёҳати шавқовар дар миқёси […]

Сайёҳи хориҷӣ муддати 6-12 рӯзи ҳузури худ дар ҷумҳурӣ ба ҳисоби миёна 800-1200 доллар сарф мекунад, ки аз нишондиҳандаи миёнаи ҷаҳонӣ хеле паст аст. Дар ин бора зимни як назарсанҷӣ миёни ширкатҳои сайёҳӣ гуфта шудааст, ки он бо дастгирии Бонки ҷаҳонӣ доир гардид.

Ин дар ҳолест, ки тибқи маълумоти Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ (UNWTO), ҷаҳонгардони ҳавасманди саёҳати шавқовар дар миқёси олам давоми 8 рӯзи сафар ба ҳисоби миёна 3000 доллар харҷ мекунанд.

Бо вуҷуди наздикии бевосита ба Афғонистон, ширкатҳои сайёҳии пурсидашуда Тоҷикистонро макони амну бехатар барои боздид арзёбӣ кардаанд.

Натиҷаҳои назарпурсӣ гувоҳи онанд, ки Тоҷикистон барои сайёҳон аз Аврупо, Амрикои Шимолӣ, Чин ва Австралия торафт самти писандида мешавад, вале бешубҳа, кишвар барои қонеъ гардонидани талаботи доим афзоянда корҳои бештар анҷом дода метавонад.

Афзоиши талабот ба дастрасии маълумоти бештар оид ба Тоҷикистон ва умуман, Осиёи Марказӣ вобаста аст.

Қариб 50% ширкатҳои маҳаллии сайёҳӣ ва наздики 90% ширкатҳои сайёҳии байнулмилалӣ бар ин назаранд, ки Тоҷикистон то ҳол аз имконоти сайёҳии худ ба таври пурра истифода накардааст.

“Бо вуҷуди ин, Тоҷикистон ба ҷалби шумори зиёдтари сайёҳон ва ба даст овардани даромади бештар  аз касоне, ки айни замон ба кишвар меоянд, қодир аст”, – мегӯянд намояндагони ширкатҳои сайёҳӣ.

Онҳо ба якчанд самтҳое ишора кардаанд, ки ба Тоҷикистон барои истифодаи беҳтари имконоти сайёҳӣ имкон медиҳанд.

Масалан, беҳбуди парвозҳои дохилӣ ва хориҷӣ, нигаҳдорӣ ва ободонии иншооти сайёҳӣ, содда кардани заминаи меъёрию ҳуқуқӣ, беҳтар кардани шароити будубош (бо шумули дастрасӣ ба нерӯи барқ, таъмини об ва мавҷудияти ҳоҷатхона), баланд бардоштани сатҳи касбии кормандони бахши сайёҳӣ.

Назарсанҷӣ таҷрибаи ҳузури сайёҳон ва сайругашти онҳоро дар саросари Тоҷикистон фаро гирифта, зимнан ба ду минтақа – вилояти Хатлон ва ВМКБ, ки Лоиҳаи рушди иқтисоди деҳот ба онҳо равона шудааст, таваҷҷуҳи хос зоҳир шуд.

Назарпурсӣ бо мақсади таҳлили монеаҳо ва имконот баҳри рушди талаботу пешниҳодоти сайёҳӣ дар кишвар гузаронида шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.