Боздошти роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Мастчоҳ барои порагирӣ

Мавлуда Рофиева, махсус барои Asia-Plus

Кормандони мақомоти зиддифасод дар вилояти Суғд роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Мастчоҳ Муҳаммадҷон Идизодаро ба гумони даст доштан дар қаллобӣ боздошт карданд.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят хабар дод, Идизода дар кабинеташ ҳангоми гирифтани 12,5 ҳазор сомонӣ дастгир шудааст.

“Муҳаммадҷон Идизодаи 29-сола аз сокини маҳаллӣ барои ҷудо кардани қитъаи замин ҷиҳати сохтмони нуқтаи фурӯш дар маркази ноҳия 25 ҳазор сомонӣ маблағ талаб кардааст”, – гуфт манбаъ.

Нисбат ба Идизода мутобиқи моддаи 247 КҶ ҶТ (Қаллобӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.

Бино ба маълумоти Раёсати назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Суғд, тӯли 9 моҳи соли равон дар қаламрави вилоят 444 ҷинояти марбут ба коррупсия, аз ҷумла, 106 қаллобӣ ба қайд гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...