Сафарбарии муташаккилонаи тоҷикистониён ба Русия кай оғоз мешавад?

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров аз раиси Думаи давлатии Русия Вячеслав Володин дархост кард, ки ба тезонидани тасдиқи созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи сафарбарии муташаккилонаи шаҳрвандони Тоҷикистон барои кор ба Русия мусоидат кунад.

Дархости Шукуров рӯзи 19-уми октябр дар ҷараёни сафари расмии Володин ба Душанбе садо дод. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов хабар дод.

Раиси Думаи давлатӣ қайд кард, ки соли гузашта тоҷикистониёни машғули кор дар Русия 2,5 млрд. доллар ба кишвар фиристоданд, ки қариб сеяки Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистонро ташкил медиҳад.

“Мо бояд ҳама кори аз дастамон меомадаро анҷом бидиҳем, то ки муҳоҷирони меҳнатӣ омода бошанд ва забонро донанд”, – гуфт Володин ва зикр кард, шахсоне, ки забони русиро медонанд, “ба сатҳи мутахассис расида, метавонанд таҳсил кунанд ва дар Русия монанд”.

“Моро зарур аст, ки бо муҳоҷирони меҳнатӣ фаъолона муколама кунем”, – иброз дошт ӯ.

Володин даъват кард, ки “мебояд ба тарзи бештар муосир”-и муҳоҷирати корӣ гузашт, аз ҷумла, “тавассути ҳалли масоили иҷтимоӣ” ва пешниҳод кард, ки ҷалби мутахассисон аз Тоҷикистон ба минтақаҳои Русия зиёд шавад.

“Бояд созишномаҳои ҳамкории байни минтақаҳо ба имзо расанд”, – гуфт ӯ.

Вай афзуд, фаъолияти комиссияи дуҷонибаи байнипарлумонӣ, ки “ҷаласаи охираш 11 сол пеш баргузор шудааст”, тақвият дода шавад.

“Ба мувофиқа расидан лозим аст, ки ин кор кашол наёбад ва то охири сол ҷаласаи аввал дар Душанбе ё Русия доир гардад. Ҷаласаҳо бояд ҳамасола баргузор шаванд”, – изҳор дошт Володин.

Ӯ зикр кард, ки дар ҷаласаҳои комиссия баррасии масоили мушаххас, аз ҷумла, “муҳоҷират, ҳамкории тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ” мувофиқи мақсад аст.

“Ҳама ба гуфтушунид дар ин хусус омодаанд, – таъкид дошт ӯ ва даъват кард, ки ҳарчи зудтар қарорҳои сарони кишварҳо аз лиҳози қонунгузорӣ таъмин шаванд. – Муносибатҳои мо фаротар аз муносибатҳои шарикони стратегӣ аст. Ин муносибатҳои иттифоқчиён мебошад”.

Ёдрас мекунем, ки раиси Думаи давлатии Маҷлиси федералии Русия Вячеслав Володин рӯзи 18-уми октябр бо сафари серӯзаи расмӣ ба Тоҷикистон омад. Дар ҷараёни сафар ӯ бо раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров гуфтушунид анҷом дода, ҳамчунин дар Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон бо донишҷӯёну ҳайати омӯзгорон мулоқот кард.

Раиси Думаи давлатиро 19-уми октябр раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  ба ҳузур пазируфт. Зимнан вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаву бисёрҷонибаи Тоҷикистону Русия, аз ҷумла, дар самти робитаҳои байнипарлумонӣ баррасӣ шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...