Парвандаи ҷиноятӣ барои сохтакории ҳуҷҷатҳои нафақахӯрон

Сармутахассиси шуъбаи таъминоти нафақа тӯли 2 сол ба сохтакории ҳуҷҷатҳо машғул шуда, бо ин роҳ маблағ ба даст овардааст. Ҳанифа Касирова дар вазифаи сармутахассиси шуъбаи таъминоти нафақаи Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе кор карда, дар раванди фаъолияти кориаш бо истифодаи ваколатҳои мансабдорӣ, аз моҳи феврали соли 2017 то моҳи […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Сармутахассиси шуъбаи таъминоти нафақа тӯли 2 сол ба сохтакории ҳуҷҷатҳо машғул шуда, бо ин роҳ маблағ ба даст овардааст.

Ҳанифа Касирова дар вазифаи сармутахассиси шуъбаи таъминоти нафақаи Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе кор карда, дар раванди фаъолияти кориаш бо истифодаи ваколатҳои мансабдорӣ, аз моҳи феврали соли 2017 то моҳи июни соли 2019 бо роҳи сохтокории ҳуҷҷатҳо ба номи 20 нафар шаҳрвандон машғул будааст. Дар ин бора Маркази матбуоти Агентии давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ иттилоъ медиҳад.

Ӯ маблағи умумии 105.730,84 сомонӣ талабот нишон дода, ин миқдор маблағро ба воситаи рақамҳои асноди нафақавӣ ба суратҳисоби бонкии нафақахӯрон гузаронида, онҳоро тавассути кортҳои пластикии БДА ҶТ “Амонатбонк” тариқи нақдӣ гирифта, ба манфиати шахсии худ сарф кардааст.

Ҳанифа Касирова бо ин кирдори худ ба давлат зарари калони моддӣ расонидааст. Нисбат ба ӯ бо моддаи 245 қисми 3 банди “а” (Азонихудкунӣ ё исрофкорӣ) ва 340 қисми 2 банди “а” (Сохтакорӣ, тайёр кардан ё ба соҳибияти каси дигар додани ҳуҷҷат, мукофоти давлатӣ, штамп, муҳр ва бланкаҳои қалбакӣ)-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакӣ идома дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.