Ба рушди мактабҳои русӣ дар Тоҷикистон 168 млн. рубл ҷудо мешавад

Русия ба рушди забони русӣ дар Тоҷикистон маблағгузорӣ мекунад. Дар ин бора муовини раиси Кумитаи Думаи давлатӣ оид ба умури ИДМ, ҳамгироии авруосиёӣ ва робита бо ҳамватанон, вакил аз фраксияи “Единая Россия” Виктор Водолатский ба “Дума ТВ” изҳори назар кардааст. Вакил гуфтааст, ки ин зинаҳои як низоми таҳсил: мактаб, давраҳои омӯзишии омодагӣ, маркази захиравӣ ва […]

Asia-Plus

Русия ба рушди забони русӣ дар Тоҷикистон маблағгузорӣ мекунад. Дар ин бора муовини раиси Кумитаи Думаи давлатӣ оид ба умури ИДМ, ҳамгироии авруосиёӣ ва робита бо ҳамватанон, вакил аз фраксияи “Единая Россия” Виктор Водолатский ба “Дума ТВ” изҳори назар кардааст.

Вакил гуфтааст, ки ин зинаҳои як низоми таҳсил: мактаб, давраҳои омӯзишии омодагӣ, маркази захиравӣ ва минбаъд бакалавриат оид ба ихтисос мешавад.

Водолатский дар ҳайати Русия таҳти роҳбарии раиси Думаи давлатӣ охири ҳафтаи гузашта ба Тоҷикистон омада буд.

Ёдрас мекунем, ки моҳи июли соли ҷорӣ муовини вазири мариф ва илми Тоҷикистон Фатҳиддин Усмонзода изҳор дошта буд, ки то охири соли равон бунёди 5 мактаби таҳсилашон ба забони русӣ дар Тоҷикистон оғоз мешавад.

“Айни замон корҳои муайян ба сомон расонида шуда, ҳам аз ҷониби Тоҷикистон ва ҳам аз ҷониби Русия сохтор ва шахсони масъул интихобу лоиҳаҳои ин мактабҳо таҳия мегарданд. Умедворем, ки то охири ҳамин сол корҳо оғоз мешаванд”, – гуфта буд муовини вазир ба рӯзноманигорон.

Дар навбати худ вазири маориф ва илми кишвар Нуриддин Саид дар ин робита изҳор дошт, ки барои бунёди 5 мактаб аллакай қитъаҳои замин ҷудо шудааст.

“Дар шаҳрҳои Кӯлобу Бохтар, Хуҷанду Душанбе ва Турсунзода қитъаҳои замин кайҳост, ки ҷудо шудааст. Ҷониби Русия ин қитъаҳоро аз назар гузаронида, интихоб кард. Дар Душанбе ин мактаб дар маҳаллаи Зарафшон сохта мешавад”, – гуфта буд ӯ.

Вазир ҳамчунин зикр карда буд, ки ҳар яки ин мактабҳо барои 1240 нафар ҷойи нишаст пешбинӣ гардида, бо таҳҳизот ва озмоишгоҳҳои зарурӣ таъмин хоҳанд шуд.

Тибқи маълумот оморӣ, имрӯз дар Тоҷикистон 25 мактаби таҳсилоти умумӣ ба забони русӣ амал мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.