“Дирафши Коваёнӣ” дар ҷашнвораи Қазоқистон пирӯз шуд

Намоишномаи “Дирафши Коваёнӣ”-и Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи М.Воҳидов дар сеюмин Фестивали байнулмилалии театрҳои ба номи Жанат Хоҷиев соҳиби ҷойи аввал гардид. Дар ин бора ба Asia-Plus коргардони ин намоишнома Нозим Меликов хабар дод.  “Ин бори аввал нест, ки намоишҳои мо дар фестивалҳои театрӣ соҳиби ҷойҳои намоён мешаванд. Ин рисолати мо – театриён аст, […]

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Намоишномаи “Дирафши Коваёнӣ”-и Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи М.Воҳидов дар сеюмин Фестивали байнулмилалии театрҳои ба номи Жанат Хоҷиев соҳиби ҷойи аввал гардид.

Дар ин бора ба Asia-Plus коргардони ин намоишнома Нозим Меликов хабар дод. 

“Ин бори аввал нест, ки намоишҳои мо дар фестивалҳои театрӣ соҳиби ҷойҳои намоён мешаванд. Ин рисолати мо – театриён аст, ки намоишро омода карда, ба тамошобин пешниҳод созем. Боиси ифтихор аст, ки “Дирафши Коваёнӣ” дар фестивали Қазоқистон аз ҷониби ҳайати ҳакамон ва бинандагон баҳои арзанда гирифта, “Беҳтарин намоиш” дониста шуд”, – афзуд ӯ.

Фестивали мазкур рӯзҳои 15-19 октябр дар Театри мусиқию драмавии шаҳри Жезказгани Қазоқистон доир гардид. Он ба поси хотири арбоби шоистаи Қазоқистон, яке аз асосгузорони театри Жезказган, коргардон Жанат Ҳоҷиев бахшида шудааст.

Дар ин фестивал гурӯҳҳои театрӣ аз минтақаҳои гуногуни Қазоқистон, инчунин аз Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Қирғизистон ширкат варзиданд.

Намоиши «Дирафши ковиёнӣ» аз рӯйи “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ дар таҳияи коргардон Нозим Меликов рӯйи саҳна омадааст.

“Миннатдории худро ба Институти “Ҷамъияти кушода” – Бунёди мадад дар Тоҷикистон барои дастгириашон мерасонам, ки сафари ҳунармандони моро ба фестивали Қазоқистон маблағгузорӣ карданд. Инчунин ба Вазорати фарҳанги ҶТ барои иҷозатнома изҳори сипос мекунам”, – гуфт коргардон.

Ёдовар мешавем, ки “Дирафши коваёнӣ” дар Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ “Парасту-2017” соҳиби шоҳҷоиза гардида буд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.