Дуздии қубурҳои обгузар ва телефон

Як марди 39-сола дар ноҳияи Балхӣ бо гумони дуздии 250 метр қубурҳои обгузари оҳанин, ки 51 ҳазор сомонӣ арзиш доранд, дастгир шудааст. ВКД иттилоъ медиҳад, ки аз ҷониби марди 33-солаи сокини ноҳияи мазкур ариза ворид гардидааст, ки аввалҳои моҳи октябри соли 2019 шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз канори ҷамоати шаҳраки Балхӣ қубурҳои обгузари оҳанини […]

Як марди 39-сола дар ноҳияи Балхӣ бо гумони дуздии 250 метр қубурҳои обгузари оҳанин, ки 51 ҳазор сомонӣ арзиш доранд, дастгир шудааст.

ВКД иттилоъ медиҳад, ки аз ҷониби марди 33-солаи сокини ноҳияи мазкур ариза ворид гардидааст, ки аввалҳои моҳи октябри соли 2019 шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз канори ҷамоати шаҳраки Балхӣ қубурҳои обгузари оҳанини андозаи Д-500, ки арзишашон 51000 сомониро ташкил медиҳад, дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Кормандони милитсия ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯйӣ марди 39-солаи сокини деҳаи “Замини нав”-ро бо гумони дуздӣ дастгир карда, далелҳои шайъиро қисман гирифтаанд.

Инчунин ба ШВКД-1 дар шаҳри Исфара аризаи зани 30-солаи сокини ҷамоати деҳоти Кулқанд ворид шудааст, ки аввалҳои моҳи июни соли ҷорӣ шахсони номаълум ба мағозаи хӯроквории , ин соҳибкори инфиродӣ, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Кулқанд даромада, аз он 1 адад телефони мобилии тамғаи “Хонор”, арзишаш 1350 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Зимни чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯйӣ кормандони милитсия марди 22-солаи сокини ҷамоати деҳоти Кулқандро ҳамчун гумонбари ҷинояти дуздӣ дастгир карданд.

Аз рӯйи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.