Боздиди қариб 1 млн. хориҷӣ аз Тоҷикистон дар 9 моҳ

Дар моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ қариб 960 ҳазор нафар шаҳрвандони хориҷӣ ба Тоҷикистон омадаанд. Шумори бештари хориҷиёни ба ҷумҳурӣ дар ин давра воридшуда аз ҳамсоякишвари Ӯзбекистон – 600,1 ҳазор нафар ё худ 63,4% аз ҳаҷми умумӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар ин бора Агентии омори назди Президенти ҶТ хабар медиҳад. Дар зинаи дуюм русиягиҳо қарордошта, шумори […]

Дар моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ қариб 960 ҳазор нафар шаҳрвандони хориҷӣ ба Тоҷикистон омадаанд.

Шумори бештари хориҷиёни ба ҷумҳурӣ дар ин давра воридшуда аз ҳамсоякишвари Ӯзбекистон – 600,1 ҳазор нафар ё худ 63,4% аз ҳаҷми умумӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар ин бора Агентии омори назди Президенти ҶТ хабар медиҳад.

Дар зинаи дуюм русиягиҳо қарордошта, шумори шаҳрвандони тӯли 9 моҳ ба Тоҷикистон воридшудаи ин кишвар 166,3 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Дар идома шаҳрвандони Қирғизистон (77,3 ҳазор нафар), Афғонистон (16,4 ҳазор), Қазоқистон (15,5 ҳазор), Чин (15,2 ҳазор), Туркия (5 ҳазор), ИМА (4,9 ҳазор), Эрон (3,9 ҳазор), Ҳиндустон ва Олмон (3,2 ҳазор нафарӣ), Украина (2,6 ҳазор), Бритониёи Кабир (2,1 ҳазор) ва дигар кишварҳо қарор доранд.

Бино ба маълумоти Агентии омор, теъдоди назарраси шаҳрвандони хориҷӣ – 811 ҳазор нафар (85,7% аз шумори умумии воридшудагон) бо мақсадҳои шахсӣ ба ҷумҳурӣ омадаанд.

Шумори шаҳрвандони транзитӣ – 26,2 ҳазор, сайёҳон – 33,3 ҳазор, шахсони бо мақсади сафари хидматӣ ва тиҷорат ташрифоварда – 0,4 ҳазор, барои кор ва таҳсил – 30,9 ҳазор ва бо дигар мақсадҳо воридшуда – 44,6 ҳазор нафарро ташкил додааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.