Боз як медали қайиқрон Шаҳриёр Даминов дар Чемпионати Осиё

Дар Чемпионати ҷаҳон ва Осиё оид ба марафони қайиқронӣ дар байдарка ва каноэ дар шаҳри Шаосинги Чин варзишгари Тоҷикистон Шаҳриёр Даминов дар каноэи якнафарӣ (С1) ба масофаи 25,90 километр сабқат карда, бо натиҷаи 2:18:47.86 сазовори медали биринҷии Чемпионати Осиё шуд. Тибқи иттилои маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, Шаҳриёр бо ин натиҷа дар сатҳи ҷаҳон […]

Дар Чемпионати ҷаҳон ва Осиё оид ба марафони қайиқронӣ дар байдарка ва каноэ дар шаҳри Шаосинги Чин варзишгари Тоҷикистон Шаҳриёр Даминов дар каноэи якнафарӣ (С1) ба масофаи 25,90 километр сабқат карда, бо натиҷаи 2:18:47.86 сазовори медали биринҷии Чемпионати Осиё шуд.

Тибқи иттилои маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, Шаҳриёр бо ин натиҷа дар сатҳи ҷаҳон миёни 20 нафар аз 12 кишвар ҷойи 11-умро ишғол кард.

Гуфта мешавад, миёни варзишгарони Осиё нишони тилло насиби қайиқрони мизбон Йонгжуанг Суй бо натиҷаи 2:14:45.36 ва медали нуқра насиби варзишгари Ҷопон Такаюкӣ Кокаҷӣ бо натиҷаи 2:15:50.40 гардид.

“Медали тиллои Чемпионати ҷаҳонро Мануэл Кампос аз Испания (2:05:31.65) ба даст овард. Варзишгари Чех Яқуб Брезина (2:05:42.04) ҷойи дуюм, варзишгари Русия Кирил Шамшурин (2:05:50.13) мақоми сеюмро ишғол карданд”, – омадааст дар маълумот. 

Ёдовар мешавем, ки Шаҳриёр Даминов 17-уми октябр дар каноэи якнафарӣ (С1) ба масофаи 3600 метр сазовори медали нуқраи Чемпионати Осиё гардида буд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.