Тоҷикистон вобастаи воридот мешавад?

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Тоҷикистон содироти молу маҳсулоташро ба хориҷи кишвар коҳиш дода, ҳамзамон воридот меафзояд. Ин боиси камбуди асъор дар ҷумҳурӣ мешавад.

Давоми 9 моҳи соли ҷорӣ аз ҷумҳурӣ ба маблағи умумии 768,3 млн. доллар молу маҳсулот ба хориҷи кишвар бароварда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5% ё худ 40 млн. доллар камтар аст.

Бино ба маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, содироти маснуоти дӯзандагӣ ва бофандагӣ (қариб 30%), маҳсулоти кишоварзӣ (28,1%) ва минералӣ (17%), металҳои нимқиматбаҳо ва маснуот аз он (8,7%) кам шудааст.

Дар моҳҳои январ-сентябри соли равон ҳаҷми воридоти молу маҳсулот ба кишвар 2 млрд. 390 млн. долларро ташкил дод, ки дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта 3,1% ё худ 72,1 млн. доллар зиёдтар аст.

Аз ҷумла, воридоти чарбу ва равғани чорво (49,9%), асбобу дастгоҳҳои оптикӣ ва тиббӣ (36,6%), маҳсулоти рустанӣ (22,1%), маҳсулоти саноати кимиё (12,4%), маҳсулоти тайёри ғизоӣ (8,9%), воситаҳои нақлиёт (8,1%) афзуд.

Ҳамин тариқ, касри (камбуди) тавозуни савдои хориҷии кишвар аллакай қариб ба 1 млрд. 622 млн. доллар расид.

Шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон тӯли 9 моҳи соли равон Русия боқӣ монда, ҳаҷми муомилоти молии дуҷониба 747 млн. долларро ташкил додааст. Ҳаҷми муомилоти мол байни Тоҷикистону Қазоқистон дар ин давра – 630 млн., Тоҷикистону Чин – 453 млн., Тоҷикистону Туркия – 275 млн. ва Тоҷикистону Ӯзбекистон – 264 млн. долларро ташкил додааст.

Қобили зикр аст, ки Бонки миллии Тоҷикистон вобастагии зиёди кишвар ба воридотро мушкили аслии таъмини бозори дохилӣ бо доллари амрикоӣ медонад.

“Мо ба воридот вобастагии зиёд дорем. Қариб ҳамаи маҳсулоти ниёзи аввал аз хориҷи кишвар ворид мешавад”, – гуфт аввали сол раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе.

Ӯ қайд кард, ки соли 2018-ро ҷумҳурӣ бо тавозуни манфӣ – 2,1 млрд. доллар ҷамъбаст кард. Нисбат ба соли 2017 ҳаҷми воридоти маҳсулот дар соли гузашта 374 млн. доллар афзуд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...