Раисони судҳо ҷараёни авфро зери назорат мегиранд

Суди олии Тоҷикистон ба раисони судҳо дастур дод, ки ҷараёни авфро зери назорати махсус гиранд. Тавре хадамоти матбуоти Судии оли ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, ин ва дигар масъалаҳо рӯзи 19-уми октябр дар ҷаласаи васеъ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти мақомоти судӣ дар нуҳ моҳи соли 2019 мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. “Зимни натиҷагирӣ аз фаъолият раиси Суди Олӣ Шермуҳаммад […]

Суди олии Тоҷикистон ба раисони судҳо дастур дод, ки ҷараёни авфро зери назорати махсус гиранд.

Тавре хадамоти матбуоти Судии оли ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, ин ва дигар масъалаҳо рӯзи 19-уми октябр дар ҷаласаи васеъ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти мақомоти судӣ дар нуҳ моҳи соли 2019 мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

“Зимни натиҷагирӣ аз фаъолият раиси Суди Олӣ Шермуҳаммад Шоҳиён фаъолияти мақомоти судиро дар давоми нуҳ моҳи соли 2019 баррасӣ кард”, – хабар медиҳад дафтари матбуоти Суди олӣ.

Ҳамчунин қайд гардид, ки дар лоиҳаи Қонуни мазкур аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва ҷазо озод намудани шахсоне, ки парвандаҳои ҷиноятӣ нисбат ба онҳо дар баррасии мақомоти таҳқиқ, тафтишоти пешакӣ ё судҳо қарор доранд ё дар асоси ҳукми судҳо дар муассисаҳои ислоҳӣ адои ҷазо карда истодаанд, пешбинӣ шудааст.

Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон 16-уми октябр лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи авф»-ро барои баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ пешниҳод кард, ки баъд аз қабул ва мавриди амал қарор гирифтан, он нисбат ба зиёда аз 20 ҳазор нафар гумонбаршудагон, айбдоршавандагон, судшавандаҳо ва маҳкумшудагон татбиқ мегардад.

Дар маҷлиси корӣ ба раисони судҳо супориш дода шуд, ки баъд аз қабул ва мавриди амал қарор гирифтани Қонуни ҶТ «Дар бораи авф» татбиқи онро таҳти назорати қатъӣ қарор дода, риояи ҳатмии талаботи онро ба роҳ монанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...