2,5 млн. сомонӣ ҷарима барои риоя накардани қонуни танзим

Дар 9 моҳи соли равон вобаста ба вайрон кардани Қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” 527 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ шудааст. Зимнан 519 нафар ба маблағи умумии 2490565 сомонӣ ҷарима гардиданд. Дар ин бора 19-уми октябр зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти 9-моҳаи Суди Олии ҶТ иттилоъ дода шуд. Ҳамзамон зикр гардид, […]

Дар 9 моҳи соли равон вобаста ба вайрон кардани Қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” 527 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ шудааст.

Зимнан 519 нафар ба маблағи умумии 2490565 сомонӣ ҷарима гардиданд. Дар ин бора 19-уми октябр зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти 9-моҳаи Суди Олии ҶТ иттилоъ дода шуд.

Ҳамзамон зикр гардид, ки шумораи баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оид ба риоя накардани Қонун «Дар бораи  масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ба 12690 адад расида, бо 11453 парванда нисбат ба 11535 нафар қарор қабул карда шудаст. Дар маҷмӯъ нисбат ба 4421 нафар огоҳӣ ва дар нисбати 7114 нафар ҷазои ҷарима ба маблағи умумии 1154672 сомонӣ таъин шудааст.

Дар ин давра ба судҳои ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ 120090 адад парвандаҳо ва дархосту пешниҳодҳо ворид гардиданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 633 адад зиёд мебошад. Аз ин шумора судҳо 106695 адад парванда ва дархосту пешниҳодҳоро моҳиятан баррасӣ карданд.

Аз шумораи парвандаҳои баррасишуда 10130 парвандаи гражданӣ, 29324 парвандаи оилавӣ, 8149 парвандаи ҷиноятӣ, 39106 парвандаи маъмурӣ ва 13382 дархосту пешниҳоди мақомот будааст. Аз ин теъдод 12384 парванда дар маҷлисҳои сайёри судӣ баррасӣ шудааст.

Дар интиҳои маҷлис раиси Суди Олӣ Шермуҳаммад Шоҳиён фаъолияти мақомоти судиро дар давоми 9 моҳи соли 2019 таҳлил кард. Ӯ ба судяҳо ҷиҳати рафъи камбудиҳо, роҳ надодан ба кашолкорӣ, риоя кардани муҳлати баррасии парвандаҳо, тибқи талаботи қонунгузории мурофиавӣ босифат таҳия намудани санадҳои судӣ ва саривақт ба тарафҳо супоридани нусхаҳои онҳо супоришҳои мушаххас дод.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.