Кумитаи миллии олимпӣ ба Сомон Маҳмадбеков 10000 сомонӣ медиҳад

Asia-Plus

Варзишгари ҷавон Сомон Маҳмадбеков барои пирӯзӣ дар Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо 24-уми октябр дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе ботантана истиқбол шуда, ҳамзамон 10 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ мегирад.

Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон якҷо бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш баҳри пешвози ботантанаи узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба дзюдо Сомон Маҳмадбеков барои ба даст овардани медали тиллои Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо миёни ҷавонон, ки 17-20 октябр дар шаҳри Марокаш доир шуд, 24-уми октябр дар Фурудгоҳи байнулмилалии шаҳри Душанбе маросими бошукуҳ ташкил мекунад.

Ёдовар мешавем, ки Сомон Маҳмадбеков дар Чемпионати ҷаҳон миёни ҷавонон дар вазни -73 кг бар варзишгарони Кеп Верд (Семедо Клаудиано), Қирғизистон (Асад Масабиров), Белгия (Абдул Малик Умаев), дар чорякфинал бар намояндаи Италия (Эдуардо Мелла), дар нимфинал бар Самуэл Гасснер аз Австрия ва дар финал бар Георгий Элбакиев аз Русия дастболо шуда, ба унвони қаҳрамони ҷаҳон миёни ҷавонон сазовор шуд.

Паҳлавони тоҷик баъд аз ин пирӯзӣ дар радабандии олимпии вазни -73 килои Федератсияи ҷаҳонии дзюдо аз ҷойи 21-ум ба мақоми 14-ум ва дар радабандии ҷаҳонӣ аз ҷойи 31-ум ба мавқеи 19-ум баромад. Миёни ҷавонон 57 зина боло баромада, айни замон дар ҷойи аввал аст.

Тибқи маълумоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Сомон Маҳмадбеков аз дастгирии ҳармоҳаи молиявии он дар ҳаҷми 300 доллари ИМА бархурдор буда, охири сол барои ин дастовардаш бо ҷоизаи Президенти ҶТ ба маблағи 50000 сомонӣ қадрдонӣ мешавад.

Сомон Маҳмадбекови 20-сола аз соли 2015 дар мусобиқаҳои байнулмилалии дзюдо иштирок мекунад ва то ин вақт медалҳои тиллои Ҷоми Африқо миёни ҷавонон (Тунис, 2017), Ҷоми Аврупо миёни ҷавонон (Арад, 2017), Ҷоми Осиё миёни калонсолон (Ҳанг Конг, 2018), медали нуқраи Ҷоми Аврупо миёни ҷавонон (Коимбра, 2018), медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон миёни ҷавонон (2017)-ро мушарраф гардидааст. Ӯ дар Чемпионати ҷаҳон миёни калонсолон соли 2019 дар Токио маҳорати хуб нишон дода, ҷойи 5-умро ишғол кард.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии “Financial Times” гуфтааст, ки қасд дорад “нафти Эронро дар ихтиёр гирад” ва мумкин аст ҷазираи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.