Кумитаи миллии олимпӣ ба Сомон Маҳмадбеков 10000 сомонӣ медиҳад

Варзишгари ҷавон Сомон Маҳмадбеков барои пирӯзӣ дар Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо 24-уми октябр дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе ботантана истиқбол шуда, ҳамзамон 10 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ мегирад. Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон якҷо бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш баҳри пешвози ботантанаи узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба дзюдо Сомон Маҳмадбеков барои ба даст овардани медали […]

Варзишгари ҷавон Сомон Маҳмадбеков барои пирӯзӣ дар Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо 24-уми октябр дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе ботантана истиқбол шуда, ҳамзамон 10 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ мегирад.

Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон якҷо бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш баҳри пешвози ботантанаи узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба дзюдо Сомон Маҳмадбеков барои ба даст овардани медали тиллои Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо миёни ҷавонон, ки 17-20 октябр дар шаҳри Марокаш доир шуд, 24-уми октябр дар Фурудгоҳи байнулмилалии шаҳри Душанбе маросими бошукуҳ ташкил мекунад.

Ёдовар мешавем, ки Сомон Маҳмадбеков дар Чемпионати ҷаҳон миёни ҷавонон дар вазни -73 кг бар варзишгарони Кеп Верд (Семедо Клаудиано), Қирғизистон (Асад Масабиров), Белгия (Абдул Малик Умаев), дар чорякфинал бар намояндаи Италия (Эдуардо Мелла), дар нимфинал бар Самуэл Гасснер аз Австрия ва дар финал бар Георгий Элбакиев аз Русия дастболо шуда, ба унвони қаҳрамони ҷаҳон миёни ҷавонон сазовор шуд.

Паҳлавони тоҷик баъд аз ин пирӯзӣ дар радабандии олимпии вазни -73 килои Федератсияи ҷаҳонии дзюдо аз ҷойи 21-ум ба мақоми 14-ум ва дар радабандии ҷаҳонӣ аз ҷойи 31-ум ба мавқеи 19-ум баромад. Миёни ҷавонон 57 зина боло баромада, айни замон дар ҷойи аввал аст.

Тибқи маълумоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Сомон Маҳмадбеков аз дастгирии ҳармоҳаи молиявии он дар ҳаҷми 300 доллари ИМА бархурдор буда, охири сол барои ин дастовардаш бо ҷоизаи Президенти ҶТ ба маблағи 50000 сомонӣ қадрдонӣ мешавад.

Сомон Маҳмадбекови 20-сола аз соли 2015 дар мусобиқаҳои байнулмилалии дзюдо иштирок мекунад ва то ин вақт медалҳои тиллои Ҷоми Африқо миёни ҷавонон (Тунис, 2017), Ҷоми Аврупо миёни ҷавонон (Арад, 2017), Ҷоми Осиё миёни калонсолон (Ҳанг Конг, 2018), медали нуқраи Ҷоми Аврупо миёни ҷавонон (Коимбра, 2018), медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон миёни ҷавонон (2017)-ро мушарраф гардидааст. Ӯ дар Чемпионати ҷаҳон миёни калонсолон соли 2019 дар Токио маҳорати хуб нишон дода, ҷойи 5-умро ишғол кард.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...