Бекор шудани боҷи давлатӣ барои роҳандозӣ ё барҳамдиҳии тиҷорат

Ҳукумати Тоҷикистон пардохти боҷи давлатиро барои бақайдгирӣ ё барҳамдиҳии ташкилоту корхонаҳо сарфи назар аз шакли моликият ва самти фаъолият бекор мекунад. Чунин сабукиҳоро соҳибкорони инфиродӣ низ мунтазиранд. Дар ҷаласаи палатаи поёнии парлумон имрӯз, 23-юми октябр ба Қонуни ҶТ “Дар бораи боҷи давлатӣ” дар ин хусус тағйироти дахлдор ворид шуд. Зимни шарҳи тағйирот ба вакилон муовини […]

Ҳукумати Тоҷикистон пардохти боҷи давлатиро барои бақайдгирӣ ё барҳамдиҳии ташкилоту корхонаҳо сарфи назар аз шакли моликият ва самти фаъолият бекор мекунад. Чунин сабукиҳоро соҳибкорони инфиродӣ низ мунтазиранд.

Дар ҷаласаи палатаи поёнии парлумон имрӯз, 23-юми октябр ба Қонуни ҶТ “Дар бораи боҷи давлатӣ” дар ин хусус тағйироти дахлдор ворид шуд.

Зимни шарҳи тағйирот ба вакилон муовини раиси Кумитаи андози назди ҳукумати ҷумҳурӣ Нарзулло Маликзода қайд кард, ки айни замон мувофиқи қонун дар мақомоти андоз боҷи давлатӣ дар мавридҳои зерин ситонида мешавад:

– барои бақайдгирии давлатии таъсиси корхонаҳои тиҷоратӣ сарфи назар аз шакли моликият ва самти фаъолият, ҳамчунин филиал ва намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ – дар ҳаҷми 25 нишондиҳанда барои ҳисоб;

– барои бақайдгирии давлатии таъсиси ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ сарфи назар аз шакли моликият ва самти фаъолият – дар ҳаҷми 7 нишондиҳанда барои ҳисоб;

– барои бақайдгирии давлатии шахсони воқеӣ ба сифати соҳибкорони инфиродӣ, ки фаъолияташонро бар асоси шаҳодатнома ба роҳ мондаанд – дар ҳаҷми 2 нишондиҳанда барои ҳисоб;

– барои бақайдгирии давлатии шахсони воқеӣ ба сифати соҳибкорони инифиродӣ, ки фаъолияташонро бар асоси патент ба роҳ мондаанд – дар ҳаҷми 1 нишондиҳанда барои ҳисоб;

– барои бақайдгирии давлатии барҳамдиҳӣ ва (ё) қатъи фаъолияти шахсони ҳуқуқӣ, қатъи фаъолияти филиал ва (ё) намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ ва соҳибкорони инфиродӣ – дар ҳаҷми 50% боҷи давлатӣ, ки барои бақайдгирии давлатии таъсиси субъектҳо ситонида мешавад;

– барои додани нусхаи дуюм (дубликат)-и ҳуҷҷат, ки бақайдгирии давлатӣ дар он тасдиқ мешавад – дар ҳаҷми 50% боҷи давлатӣ, ки барои бақайдгирии давлатии таъсиси субъектҳо ситонида мешавад.

Маликзода таъкид дошт, ки пас аз ворид шудани тағйирот ба қонун ҳамаи пардохтҳои дар боло зикршуда бекор карда мешаванд.

Ӯ изҳор дошт, ки тағйироти бо дастури ҳукумати ҷумҳурӣ таҳияшуда барои коҳиши хароҷоти молиявӣ ва сарфаи вақти соҳибкорон ҳангоми таъсис ё барҳамдиҳии тиҷорат пешбинӣ шудааст.

Муовини раиси Кумитаи андоз илова кард, ки тағйироти зикршуда ба болоравии рейтинги Тоҷикистон дар гузориши Бонки ҷаҳонӣ “Роҳандозии (пешбурди) тиҷорат” аз рӯйи шохиси “бақайдгирии корхона” мусоидат мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.