Ҷарима барои ҳиҷоби сиёҳ. Баҳси боздошти духтари ҳиҷобпӯш

Дар гурӯҳи фейсбукии «Я-Душанбинец» навиштаи Шаҳноза Исломова дар бораи чӣ гуна маҷбурӣ ба мошин нишондану шуъбаи милитсия бурдани ҷиянаш, ки ҳиҷоб пӯшида буд, баҳси пурҷӯшу хурӯш барангехт. Дар навишта зикр гардида буд, ки ҷияни ӯро барои рад кардани кашидани рӯймол “террорист” номида, таҳдид кардаанд, ки 15 шабонарӯз ҳабс мекунанд. “Вақте бибиам ва тағоям барои овардани […]

Дар гурӯҳи фейсбукии «Я-Душанбинец» навиштаи Шаҳноза Исломова дар бораи чӣ гуна маҷбурӣ ба мошин нишондану шуъбаи милитсия бурдани ҷиянаш, ки ҳиҷоб пӯшида буд, баҳси пурҷӯшу хурӯш барангехт.

Дар навишта зикр гардида буд, ки ҷияни ӯро барои рад кардани кашидани рӯймол “террорист” номида, таҳдид кардаанд, ки 15 шабонарӯз ҳабс мекунанд.

“Вақте бибиам ва тағоям барои овардани ӯ рафтанд, ба онҳо фаҳмонданд, ки ин фармони сарвари давлат буда, онҳо танҳо амри болоро иҷро мекунанд”, – навишт ӯ. Наздиконаш талаб кардаанд, ки фармон дар бораи манъи пӯшидани ҳиҷобро нишон диҳанд, вале кормандони ШВКД-и ноҳияи Шоҳмансур изҳор доштаанд, ки “ин фармон дар дасти худи президент аст”.

Шаҳноза афзудааст, ки ҷиянашро ҷазо додаву дар ҳаҷми 175 сомонӣ ҷарима кардаанд.

“Расид (квитансия)-и ҷарима дар дасти мост. Қарори судро надоданд, ин чӣ гап аст? Ба суд танҳо ҷиянамро роҳ доданд. Судя гуфтааст, ки ҳиҷоб аз рӯйи қонун манъ набуда, ранги сиёҳи рӯймол манъ аст. Барои ранги рӯймол 175 сомонӣ ҷарима карданд. Нусхаи расиди “Амонатбонк” дар дасти мост”, – навиштааст Шаҳноза Исломова.

Зимни суҳбат бо хабарнигори “Азия-Плюс” Шаҳноза нақл кард, ки ҷиянаш ба ҳайси намояндаи тиҷоратӣ кор мекунад ва айни замон дар коргоҳ мебошад. “Алҳол ҳамааш хуб аст, лекин озурдахотирӣ аз ҳодисаи рухдода зуд намегузарад”, – изҳор дошт ӯ.

Дар ШВКД-и ноҳияи Шоҳмансур тариқи телефон ба мо дар ин робита гуфтанд, ки аз ин ҳодиса огаҳӣ надоранд ва ба суолҳои мо посух гуфта наметавонанд.

Чанде аз корбарони Facebook зимни шарҳу баррасии ин навиштаи Шаҳноза тавсия додаанд, ки ба прокуратураи ноҳияи Шоҳмансур ва шаҳри Душанбе дар бораи поймол шудани ҳуқуқ ва озодиҳои конститутсионӣ бо ариза муроҷиат карда шавад.

Ҳуқуқшинос Наврӯз Одинаев дар шарҳи қазияи мазкур иброз дошт, ки ин амали кормандони милитсия ғариқонунӣ аст, зеро дар Тоҷикистон қонун дар бораи манъи пӯшидани ҳиҷоб вуҷуд надорад.

“Духтари ҷабрдида ба ВКД, саҳеҳтараш Хадамоти амнияти дохилӣ, ки аризаҳоро оид ба амалҳои худи кормандони милитсия баррасӣ мекунад, ё ба прокуратура ҳамчун мақоми назоратӣ шикоят карда метавонад”, – гуфт ҳуқуқшинос.

Қаблан ба Asia-Plus дар Прокуратураи генералӣ иттилоъ доданд, ки пӯшидани ҳиҷоб дар кишварамон аз рӯйи қонунгузорӣ мамнӯъ набуда, тибқи муқаррароти Қонуни ҶТ “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” барои пӯшидани сатру ҳиҷоб ҷарима пешбинӣ нашудааст.

Заноне, ки барои пӯшидани ҳиҷоб дар Тоҷикистон ҷарима шудаанд, барои барқарор кардани ҳуқуқи худ ба мақомоти прокуратура муроҷиат карда метавонанд.

“Агар бонувонро касе ҷарима карданӣ бошад ё аллакай ҷарима кардааст, онҳо метавонанд бо ариза ба мақомоти прокуратура муроҷиат карда, ҳамроҳи ариза нусхаи санади ҷаримаро пешниҳод кунанд”, – гуфтанд ба Asia-Plus дар прокуратура.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.