Баррасии ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ИМА

Масоили рушди савдо ва ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико рӯзҳои 21-22 октябри соли 2019 дар шаҳри Вашингтон баррасӣ шуданд. Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои Созишномаи сиғавӣ байни ҳукуматҳои ИМА ва кишварҳои Осиёи Марказӣ оид ба рушд дар соҳаи тиҷорат ва сармоягузорӣ (ТИФА) мулоқот бо роҳбари аввали Намояндагии тиҷоратии ИМА Роберт Лайтхайзер ва […]

Масоили рушди савдо ва ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико рӯзҳои 21-22 октябри соли 2019 дар шаҳри Вашингтон баррасӣ шуданд.

Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои Созишномаи сиғавӣ байни ҳукуматҳои ИМА ва кишварҳои Осиёи Марказӣ оид ба рушд дар соҳаи тиҷорат ва сармоягузорӣ (ТИФА) мулоқот бо роҳбари аввали Намояндагии тиҷоратии ИМА Роберт Лайтхайзер ва баъзе сармоягузорони амрикоӣ баргузор гардид. Дар он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин иштирок намуд.

Завқизода аз ҳамкориҳои судманд бо ҷониби ИМА ва кишварҳои Осиёи Марказӣ изҳори қаноатмандӣ карда, оид ба дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи иҷрои ҳадафу афзалиятҳои ҳуҷҷатҳои стратегии кишвар, махсусан, дар робита ба иштироки кишвар дар ТИФА, тақвияти рушди содирот, соддагардонии расмиёти савдо, монеаҳои техникӣ дар савдо, чораҳои санитарию фитосанитарӣ ва ҳамкориҳо бо кишварҳои аъзои ТИФА маълумот пешниҳод намуд.

Ҷонибҳо инчунин вобаста ба таҳкими робитаҳои иқтисодию тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ИМА корҳои амалишуда дар самти иҷрои муқаррароти Созишномаи СУС оид ба соддагардонии расмиёти савдо, такроран ворид нагардидани кишвар ба рӯйхати назоратии “Гузориши махсуси 301”, бозхонди ҷумҳурӣ аз Иловаи Ҷексон – Веник, истифодаи Низоми умумии бархурдории GSP ва афзоиши кумакҳои техникии ИМА-ро баррасӣ карданд.

Ҳамзамон ҳайати кишвар рӯзи 22-юми октябр дар доираи Форуми соҳибкории солонаи Ӯзбекистон ва ИМА дар панели сатҳи баланд таҳти унвони “Ҳамкориҳои иқтисодӣ байни ИМА ва кишварҳои Осиёи Марказӣ” иштирок намуд. Зимнан ба суолҳои сармоягузорони ИМА оид ба имконоти сармоягузории Тоҷикистон, иқтисодиёти рақамӣ ва роҳҳои тақвият додани савдо ва сармоягузорӣ бо ИМА посух дода шуд.

Қайд гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ бо кишварҳои Осиёи Марказиро яке аз афзалиятҳои сиёсати хориҷии худ қарор додааст, ки ин аз муносибати дӯстона ва иқдоми неки сарони давлатҳо сарчашма мегирад.

Ҷаласаи Шӯрои ТИФА ҳамасола баргузор шуда, дар доираи он вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои иқтисодӣ, аз ҷумла, масъалаҳо вобаста ба соддагардонии расмиёти савдо, рушди савдои минтақавӣ, рӯйхати назоратии “Гузориши махсуси 301”, ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ, стандартҳо, меъёрҳои санитарию фитосаниатрӣ ва савдои рақамӣ мавриди баррасии ҷонибҳо қарор дода мешаванд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.