Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, вазъи обуҳаво

АНОНС – Соати 10:00 дар маҷмааи варзишии “Манеж”-и шаҳри Душанбе маросими расмии ифтитоҳи Намоишгоҳ-ярмаркаи уиверсалии “Тоҷикистон-2019. Тирамоҳ” доир мегардад. Ҳамин рӯз ҳамоиши сеҷонибаи тиҷоратии Тоҷикистону Афғонистон ва Беларус барпо мешавад; – Соати 9:00 дар фурудгоҳи Душанбе маросими пешвози ботантанаи қаҳрамони ҷаҳон оид ба дзюдо байни ҷавонон Сомон Маҳмадбеков баргузор мегардад; – Дар машқгоҳи “Ҳарб-Майдон” дар […]

АНОНС

– Соати 10:00 дар маҷмааи варзишии “Манеж”-и шаҳри Душанбе маросими расмии ифтитоҳи Намоишгоҳ-ярмаркаи уиверсалии “Тоҷикистон-2019. Тирамоҳ” доир мегардад. Ҳамин рӯз ҳамоиши сеҷонибаи тиҷоратии Тоҷикистону Афғонистон ва Беларус барпо мешавад;

– Соати 9:00 дар фурудгоҳи Душанбе маросими пешвози ботантанаи қаҳрамони ҷаҳон оид ба дзюдо байни ҷавонон Сомон Маҳмадбеков баргузор мегардад;

– Дар машқгоҳи “Ҳарб-Майдон” дар Тоҷикистон бо иштироки беш аз се ҳазор ҳарбиён аз Тоҷикистону Арманистон, Беларусу Қазоқистон ва Қирғизистону Русия тамринҳои низомии кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ “Бародарии шикастнопазир” ҷараён доранд;

– Дар толори Театри опера ва балет консерти Hessler Street Duo доир мегардад. Ғиҷҷакнавоз ва пианинонавоз аз ИМА мусиқии классикӣ ва муосирро ба иҷро мерасонанд. Оғоз соати 18:00.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  9.6918 сомонӣ;

1 евро – 10.7821 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1515 сомонӣ. 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Рӯзи Созмони Милали Муттаҳид

1945 — Оиннномаи Созмони Милали Муттаҳид, ки санаи 26-уми июн ба имзо расида буд, мавриди амал қарор гирифт.

1914-1989 – Зодрӯзи сароянда, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Ҳалим Тоҳиров.

1957 – Мавлуди бостоншинос Набиҷон Раҳимов.

1973 – Зодрӯзи раққоса Дилором Сатторова.

Харитаи интерактивии вазъи обуҳаво дар Тоҷикистон рӯзи 24 октябр аз ширкати Windy.com-и Чехия.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.