Путин ва Эрдуғон дар мавриди Сурия ба созиш расиданд

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Президентҳои Туркия ва Русия – Раҷаб Эрдуғон ва Владимир Путин 22 октябр дар шаҳри Сочӣ ба созиш расиданд, ки марзи муштараки Сурия ва Туркияро дар шарқ аз дарёи Фурот Анқара ва Москва бо ҳам назорат мекунанд.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, бар асоси созиш, ки матни онро вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров қироат кард, низомиёни турк минтақаи 30-километриеро назорат хоҳанд кард, ки дар натиҷаи амалиёти ахири худ ишғол намудаанд.

Ба минтақаи 30-километрии боқӣ сарбозони рус ворид шуда, гуруҳҳои мусаллаҳи курд бояд он ҷоро тарк кунанд. Сипас назорати муштараки марз аз сӯи низомиёни русу турк оғоз мешавад.

Эрдуғон 22 октябр аз шаҳри Сочии Русия боздид ва бо Путин дидору гуфтугӯ кард. Гуфтугӯи раҳбарони ду кишвар шаш соат идома ёфта, мавзуи меҳварии суҳбат амалиёти Туркия дар шимоли Сурия буд.

Ба гуфтаи Путин, ҷонибҳо дар ҷараёни гуфтугӯ тавонистанд, равиши муштараки ба эътидол овардани вазъ дар шимоли Сурияро интихоб кунанд. Путин ин созишро "хеле муҳим" ва "сарнавиштсоз "номид.

Мулоқоти Эрдуғон ва Путин дар ҳолест, ки имрӯз муҳлати оташбаси панҷрӯзаи тавофуқшуда миёни Анқара ва Вашингтон дар бораи Сурия ба поён мерасад. Панҷ рӯзи пеш Эрдуғон ва муовини раиси ҷумҳури Амрико дар мавриди оташбас дар шимол-шарқи Сурия ба созиш расида буданд.

Амалиёти Туркия дар хоки Сурия пас аз он оғоз шуд, ки Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико эълон кард, ки нерӯҳои кишварашро аз шимол-шарқи Сурия хориҷ мекунад. Ин нерӯҳо то ҳанӯз монеи ҳамлаҳои густурдаи Туркия ба ниманизомиёни курд шуда буданд.

Пас аз эъломи хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ амалиёти низомии Туркия оғоз шуд. Ин амалиёт бо интиқодҳои мухталифе рӯбарӯ шудааст. Аммо Туркия онро "ҷанг бо терроризм" медонад. Анқара хостори таъсиси як "минтақаи амн" то 30-километрии дохили қаламрави Сурия аст, то нуфузи курдҳо дар марзҳои ҷанубии худро бигирад ва ҳамчунин муҳоҷирони суриягиро ба кишварашон бозгардонад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.