Ба корхонаҳои истихроҷ сабукиҳои молиявӣ дода мешавад

Ҳукумати Тоҷикистон қонунгузорӣ барои истифодабарандагони сарватҳои зеризаминиро дар қисмати пардохти андози якдафъаинаи сабтшуда дар шакли бонусҳои обунавӣ сабуктар кард. Имрӯз дар ҷаласаи навбатии палатаи поёнии парлумон тағйироти дахлдор ба Кодекси андоз дар ин хусус тасдиқ шуд. Зимни шарҳи тағйирот ба вакилон вазири молияи ҷумҳурӣ Файзиддин Қаҳҳорзода гуфт: “Ширкатҳое, ки ба омӯзиши геологии сарватҳои зеризаминии кишвар машғуланд, аз […]

Ҳукумати Тоҷикистон қонунгузорӣ барои истифодабарандагони сарватҳои зеризаминиро дар қисмати пардохти андози якдафъаинаи сабтшуда дар шакли бонусҳои обунавӣ сабуктар кард.

Имрӯз дар ҷаласаи навбатии палатаи поёнии парлумон тағйироти дахлдор ба Кодекси андоз дар ин хусус тасдиқ шуд.

Зимни шарҳи тағйирот ба вакилон вазири молияи ҷумҳурӣ Файзиддин Қаҳҳорзода гуфт: “Ширкатҳое, ки ба омӯзиши геологии сарватҳои зеризаминии кишвар машғуланд, аз пардохти бонуси обунавӣ озод карда мешаванд”.

Ширкатҳои машғул ба истихроҷ дар муддати як моҳ пас аз гирифтани иҷозатнома 30% аз ҳаҷми умумии ин андозоро пардохт карда, боқимонда 70%-и бонуси обунавии ин ширкатҳо, ба ҷуз корхонаҳои истихроҷи ангишт, дар муддати як сол бо ҳиссаи баробар пас аз оғози коркарди кон пардохт мешавад.

Ширкатҳои истихроҷи ангишт вобаста ба ҳаҷми бонуси обунавии ҳисобшуда онро бояд дар муддати аз 1 то 10 сол ҳар моҳ бо ҳиссаи баробар пардохт кунанд.

Вакил Азимхон Толибзода зикр кард, ки то қабули ин тағйирот корхонаҳои истифодабарандаи бойигариҳои зеризаминӣ, аз ҷумла, ширкатҳои машғул ба омӯзиши геологии сарватҳои зеризаминӣ то гирифтани иҷозатнома  50%-и бонуси обунавиро пардохт мекарданд.

Вазири молия интизор дорад, ки баъд аз пешниҳоди чунин сабукиҳо ҳаҷми сармоягузорӣ ба соҳаи истихроҷи сарватҳои зеризаминӣ афзуда, ин дар навбати худ ба зиёд шудани даромади буҷет аз ҳисоби маблағҳои андоз мусоидат мекунад.

Қобили зикр аст, ки раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 14-уми октябр дар мулоқот бо кормандони соҳаи саноат ба Вазорати молияи ҷумҳурӣ супориш дод, ки ҳангоми таҳияи лоиҳаи нави Кодекси андоз масъалаи аз тарафи истифодабарандагони сарватҳои зеризаминӣ аз ҳисоби истихроҷ давра ба давра пардохтани бонуси обунавиро пешбинӣ кунад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.