Садамаҳои нақлиёт дар Тоҷикистон: 6 осебдидаву 1 фавтида

Asia-Plus

Бархӯрди воситаҳои нақлиёт дар роҳи Бохтар-Данғара ба марги ронанда боис шуд.

Соати 6-и субҳи 21-уми октябр зимни ҳаракат аз шаҳри Бохтар ба самти ноҳияи Данғара ронандаи автомашинаи тамғаи Opel Astra Абдусобир Сафаров ихтиёри идораи автомашинаро аз даст дода, ба автомашинаи тамғаи “Даймлер-Бенс” зери идораи сокини 53-солаи шаҳри Норак Розиқ Ҷалилов бархӯрд.

Бино ба маълумоти ВКД, бар асари бархӯрди автомашинаҳо ронандаи Opel Astra ва мусофирони он: сокини Бохтар Раҳмат Қосимзода (соли таваллудаш 1960), сокини ноҳияи Вахш Илҳом Саидов (с/т 1974), сокини Бохтар Қосималӣ Бойназаров (с/т 1969) бо ҷароҳатҳои вазнин ба беморхона бурда шуданд.

Гуфта мешавад, мусофирони автомашинаи “Даймлер-Бенс” Гулнораи Исоқулзода (с/т 2001), донишҷӯйи соли аввали Донишгоҳи ба номи Носири Хусрави шаҳри Бохтар, Маҳбуба Назарова (с/т 1972) ва Малика Ҷалилова (с/т 2001), сокинони шаҳри Норак низ бистарии дармонгоҳ шудаанд.

Зикр мешавад, ки баъдан ронандаи Opel Astra Абдусобир Сафаров дар бемористон фавтидааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии “Financial Times” гуфтааст, ки қасд дорад “нафти Эронро дар ихтиёр гирад” ва мумкин аст ҷазираи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.