Садамаҳои нақлиёт дар Тоҷикистон: 6 осебдидаву 1 фавтида

Бархӯрди воситаҳои нақлиёт дар роҳи Бохтар-Данғара ба марги ронанда боис шуд. Соати 6-и субҳи 21-уми октябр зимни ҳаракат аз шаҳри Бохтар ба самти ноҳияи Данғара ронандаи автомашинаи тамғаи Opel Astra Абдусобир Сафаров ихтиёри идораи автомашинаро аз даст дода, ба автомашинаи тамғаи “Даймлер-Бенс” зери идораи сокини 53-солаи шаҳри Норак Розиқ Ҷалилов бархӯрд. Бино ба маълумоти ВКД, […]

Бархӯрди воситаҳои нақлиёт дар роҳи Бохтар-Данғара ба марги ронанда боис шуд.

Соати 6-и субҳи 21-уми октябр зимни ҳаракат аз шаҳри Бохтар ба самти ноҳияи Данғара ронандаи автомашинаи тамғаи Opel Astra Абдусобир Сафаров ихтиёри идораи автомашинаро аз даст дода, ба автомашинаи тамғаи “Даймлер-Бенс” зери идораи сокини 53-солаи шаҳри Норак Розиқ Ҷалилов бархӯрд.

Бино ба маълумоти ВКД, бар асари бархӯрди автомашинаҳо ронандаи Opel Astra ва мусофирони он: сокини Бохтар Раҳмат Қосимзода (соли таваллудаш 1960), сокини ноҳияи Вахш Илҳом Саидов (с/т 1974), сокини Бохтар Қосималӣ Бойназаров (с/т 1969) бо ҷароҳатҳои вазнин ба беморхона бурда шуданд.

Гуфта мешавад, мусофирони автомашинаи “Даймлер-Бенс” Гулнораи Исоқулзода (с/т 2001), донишҷӯйи соли аввали Донишгоҳи ба номи Носири Хусрави шаҳри Бохтар, Маҳбуба Назарова (с/т 1972) ва Малика Ҷалилова (с/т 2001), сокинони шаҳри Норак низ бистарии дармонгоҳ шудаанд.

Зикр мешавад, ки баъдан ронандаи Opel Astra Абдусобир Сафаров дар бемористон фавтидааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.