Аз аввали ноябр ҳавои Тоҷикистон сард мешавад

То охири моҳи октябр вазъи ҳаво начандон тағйир ёфта, аз 2-юми ноябр 12-14 дараҷа мешавад. Бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ, даҳ рӯз охири моҳи ҷорӣ ҳаво дар Душанбе рӯзона 18-21 дараҷа гарм шуда, шабона то 9 дараҷа поин меравад. Тибқи пешгӯии ҳавошиносон, аз 29 то 31-уми октябр ҳаво 16 дараҷа гарм шуда, боридани борон дар […]

Asia-Plus

То охири моҳи октябр вазъи ҳаво начандон тағйир ёфта, аз 2-юми ноябр 12-14 дараҷа мешавад.

Бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ, даҳ рӯз охири моҳи ҷорӣ ҳаво дар Душанбе рӯзона 18-21 дараҷа гарм шуда, шабона то 9 дараҷа поин меравад.

Тибқи пешгӯии ҳавошиносон, аз 29 то 31-уми октябр ҳаво 16 дараҷа гарм шуда, боридани борон дар назар аст.

Дар ноҳияҳои тобеи марказ рӯзона то 22 дараҷа гарм шуда, шабона мисли пойтахт 9 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд вазъи ҳаво дар ин давра айнан мисли шаҳри Душанбе пешгӯйӣ мешавад.

Дар ВМКБ рӯзона аз 8 то 10 дараҷа гарм мешавад. Шабона ҳаво сард шуда, шамоли сахт мевазад.

Тирамоҳи гарм дар вилояти Хатлон идома меёбад: рӯзҳои охири моҳи октябр ин ҷо рӯзона то 25 дараҷа ва шабона 16 дараҷа гарм мешавад.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти хадамоти обуҳавошиносии Русия, аввали моҳи нобяр ба Тоҷикистон ҳавои сард меояд. Аллакай аз 2-юми ноябр гармии ҳаво рӯзона то 13 дараҷа поин меравад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.