“Марадона” баъд аз шикоят дар Facebook ҷарима шуд

Як сокини пойтахт ва корбари фаъоли шабакаи иҷтимоии Facebook бо сабти видеоии қоидавайронкунии ронандагон ва ирсоли он аз милитсияи пойтахт хоҳиш кардааст, то пеши роҳи чунин амалҳо гирифта шавад. Дар натиҷа муроҷиати мазкур таҳти назорат ва баррасии роҳбарияти Раёсат қарор гирифта, ронандагони воситаҳои нақлиёти дар навор инъикосшуда муайян гардида, ба Шуъбаи БДА Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе […]

Як сокини пойтахт ва корбари фаъоли шабакаи иҷтимоии Facebook бо сабти видеоии қоидавайронкунии ронандагон ва ирсоли он аз милитсияи пойтахт хоҳиш кардааст, то пеши роҳи чунин амалҳо гирифта шавад.

Дар натиҷа муроҷиати мазкур таҳти назорат ва баррасии роҳбарияти Раёсат қарор гирифта, ронандагони воситаҳои нақлиёти дар навор инъикосшуда муайян гардида, ба Шуъбаи БДА Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бурда шуданд.

Баъд аз бозпурсии ронандагон ва далелҳои овардашуда муайян гардид, ки дар ҳақиқат ронандагони дар навор инъикосёфта ба аломатҳои ишоракунандаи роҳ итоат накарда, қоидавайронкунии дағали ҳаракати роҳро содир кардаанд.

https://www.youtube.com/watch?v=pXJRMj3aQoc

Вобаста ба ин нисбат ба Комил Давлатов – ронандаи автомашинаи тамғаи «Ландкрузер-200», рақами қайди давлатияш 100 XD 01, Дилшод Иброҳимов – ронандаи автомашинаи тамғаи «Лексус-350», рақами қайди давлатияш 6688 GG 01, Қобилҷон Фозилов – ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота-Каролла», рақами қайди давлатияш 4444 В0 03 бо моддаи 318 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ (Итоат накардани ронандагони воситаҳои нақлиёт ба чароғаки роҳнамо ё ишораи танзимгар) парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шудааст.

Ҳамзамон нисбат ба Марадона Юсуфов – ронандаи автомашинаи тамғаи «Лексус-300», рақами қайди давлатияш 3736 НА 01, Шавкатилло Файзуллоев – ронандаи автомашинаи тамғаи «Деу-сиело», рақами қайди давлатияш 4504 НР 01 ва Мадиброн Ҷамолиддини Икромзода – ронандаи автомашинаи тамғаи «ВАЗ-21214», рақами қайди давлатияш 917 ZB 01 бо моддаи мазкур чораҳои маъмурӣ андешида шудааст.

Зимнан аз кулли шаҳрвандон, сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе хоҳиш шудааст, ки дар сурати шоҳиди ин ё он кирдори зиддиҳуқуқӣ шудан, тавассути суроғаҳои электронии [email protected], саҳифаи расмии Раёсат  дар Facebook «Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе» муроҷиат кунанд ё бо телефони (+99237) 221-15-00 дар тамос шаванд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.