Қатъи таъмини барқ дар баъзе маҳаллаҳои Душанбе

Asia-Plus

Имрӯз, 25-уми октябр аз соати 09:00 то 16:00 интиқоли нерӯи барқ ба баъзе маҳаллаву кӯчаҳои шаҳри Душанбе қатъ мешавад.

Тавре ширкати “Шабакаҳои барқи шаҳри Душанбе” хабар медиҳад, дар ин муддат интиқоли барқ ба чанде аз кӯчаву маҳаллаҳои ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Фирдавсӣ ва Сино муваққатан қатъ мегардад.

Гуфта мешавад, дар ин фосилаи вақт қувваи барқ дар кӯчаи Шерозии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, кӯчаи Қаҳҳоров, корхонаи “Тоҷэро”, маҳаллаҳои Яккатут, Россия, 1-Май, Аллачабови ноҳияи Фирдавсӣ ва маҳаллаҳои Лучоби боло ва Лучоби поёни ноҳияи Сино хомӯш карда мешавад.

Зикр мегардад, ки вобаста ба ҳаҷми корҳои таъмирӣ дар баъзе маврид интиқоли нерӯи барқ пеш аз муҳлати мазкур барқарор хоҳад шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...