Мунтахаби футзали Тоҷикистон ба Чемпионати Осиё-2020 роҳхат гирифт

Мунтахаби футзали Тоҷикистон дар бозии дуюми мусобиқаи даври интихобии Чемпионати Осиё-2020 оид ба футзал (футбол дар толор) бори дуюм пирӯз шуда, пеш аз вохӯрии охир ба даври финалии Чемионати Осиё-2020 роҳхат гирифт. Бино ба иттилои Федератсияи футболи ҷумҳурӣ, дар бозии даври дуюми марҳилаи интихобӣ дар гурӯҳи “А”-и минтақаи Марказӣ ва Ҷанубӣ, ки дар шаҳри Урмияи […]

Мунтахаби футзали Тоҷикистон дар бозии дуюми мусобиқаи даври интихобии Чемпионати Осиё-2020 оид ба футзал (футбол дар толор) бори дуюм пирӯз шуда, пеш аз вохӯрии охир ба даври финалии Чемионати Осиё-2020 роҳхат гирифт.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи ҷумҳурӣ, дар бозии даври дуюми марҳилаи интихобӣ дар гурӯҳи “А”-и минтақаи Марказӣ ва Ҷанубӣ, ки дар шаҳри Урмияи Эрон ҷараён дорад, шогирдони мутахассиси сербиягӣ Деян Дедович тими миллии Афғонистонро бо ҳисоби 5 бар 2 мағлуб карданд.

Мусобиқаи даври финалии Чемпионати Осиё-2020 оид ба футзал соли оянда дар Туркманистон доир мегардад.

Дар даври сеюми мусобиқа футболбозони тоҷик бо дастаи Ӯзбекистон бозӣ мекунанд, ки ин тим низ пеш аз вохӯрии охир ба даври финалии мусобиқа роҳхат гирифтааст. Бозӣ соати 17:00 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.