Раисҷумҳур қонун «Дар бораи авф»-ро имзо кард

Asia-Plus

Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 25-уми октябр Қонуни ҶТ «Дар бораи авф»-ро имзо кард.

Қонуни мазкур субҳи имрӯз дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ ба тасвиб расид.

Тибқи иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ин қонун дар асоси принсипи инсондӯстӣ ва ба муносибати ҷашни 25-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 16-уми октябр ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ аз ҷониби Президенти ҶТ пешниҳод шуда буд.

Қонун «Дар бораи авф» нисбат ба зиёда аз 20 ҳазор нафар шахсоне, ки ҷиноят содир кардаанд, аз ҷумла, ноболиғон, занон, маъюбон, шаҳрвандони хориҷӣ ва дигарон татбиқ мешавад.

Мақомоти дахлдор бояд дар муҳлати 2 моҳ қонунро пурра амалӣ карда, ба Президенти ҶТ ҳисоботи муфассал пешниҳод намоянд.

Матни пурраи қонун дар матбуот нашр карда мешавад.

Мувофиқи маълумоти пешакӣ, дар доираи 16-умин авфи даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон тақрибан 600 нафар гумонбаршудагон, айбдоршавандагон ва судшавандагон, 3100 нафар маҳкумшудагон аз муассисаҳои ислоҳӣ ва 3000 нафар маҳкумшудагон аз муассисаҳои ислоҳии сукунат озод мешаванд.

Ба ин тариқ, ҳамаи 11200 нафар шахсони мазкур аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешаванд.

Ҳамчунин аз 300 нафар занони маҳбус, ки айни ҳол дар муассисаҳои ислоҳии занона адои ҷазо мекунанд, 165 нафарашон ва аз 75 ноболиғе, ки дар муассисаҳои ислоҳии тарбиявӣ қарор доранд, 58 нафарашон ба озодӣ мебароянд.

Шахсоне, ки аз беэҳтиётӣ ҷиноят содир намудаанд, новобаста аз намуди ҷазо, аз адои ҷазо пурра озод карда мешаванд. Шахсоне, ки барои содир намудани ҷиноятҳои дараҷаи начандон вазнин ва дараҷаи миёна ба муҳлати то 5 сол маҳкум шудаанд, озод карда мешаванд.

Боз киҳо мавриди авф қарор мегиранд, дар ин матлаб зикр шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...