Чаро мусофирон бо автобусҳои Asian Express равуо кардан намехоҳанд?

Сайфиддин Караев, Asia-Plus

Ширкати «Asian Express» шумори хатсайрҳои автобусро ба шаҳр ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ кам кардааст. Аз сабаби нокофӣ будани мусофирон дар самтҳои Бохтар, Кӯлоб, Шаҳритус, Турсунзода асосан 1 ё 2 хатсайр ҳаракат мекунад.

Ба гуфтаи намояндаи ширкат, хатсайрҳо хароҷотро намебароранд. Вай ҳамунин қайд кард, ки дар ширкат воситаи нави роҳандозии хатсайрҳоро ҷустуҷӯ доранд, вале он кай амалӣ мешавад, саҳеҳ маълум накард.

Ронандагон мегӯянд, дарвоқеъ хароҷот зиёд аст: иҷораи автобус, сӯзишворӣ, таъмир ва ғайра.

Аммо ба қавли пулчинаки автобуси Душанбе-Турсунзода, ки айни замон ба хатсайр ҳамагӣ ду маротиба мебарояд, худи мусофирон бо автобусҳо равуо кардан намехоҳанд.

Вай гуфт, ки автобусҳои «Asian Express» ба дохили шаҳри Турсунзода ворид намешаванд ва терминал дар ҷойи ноқулай воқеъ аст.

“Барои то он ҷо рафтан мусофирон боз 2 сомонӣ пардохт мекунанд, аз ин рӯ, бо таксӣ ва микроавтобусҳо мустақиман аз шаҳр ба пойтахт рафтанро афзалтар медонанд”, – афзуд ӯ.

Ба ақидаи мусофирон, гап сари он нест, ки бо таксӣ рафтан афзалтар аст, чунки автобус барои онҳо арзонтару қулайтар мебошд.

“Гап дар он аст, ки ширкат вақти рафтани мусофиронро ба пойтахт ё минтақаҳо ба инобат намегирад, – мегӯяд яке аз мусофирон. – Баъзан хеле зиёд мунтазир шудан лозим меояд, зеро онҳо ҷадвали муайян надоранд. То комилан пур шудани ҷойҳои нишаст автобус ба ҳаракат намедарояд”.

Ғайр аз ин, ба мусофирон аз меъёр зиёд мусофир гирифтани ронандагони автобус писанд нест.

Дар ҳамин ҳол, дар ширкати «Asian Express» хабар доданд, ки автобусҳои бо сабабҳои техникӣ охири моҳи август ба хатсайри Душанбе-Турсунзода набаромада, аз 18 сентябр дубора ба равуо оғоз карданд.

“Нархи чипатҳо тағйир наёфтаанд – 8 сомонӣ ба як самт. Масофаи хатсайри Душанбе-Турсунзода 53 километр аст”, – гуфтанд дар ширкат.

Бино ба иттилои манбаъ, айни замон ба автобус аз пойтахт то дидбонгоҳи назоратии “Дӯстӣ” дар сарҳади Тоқикистону Ӯзбекистон (масофааш андаке бештар аз 60 км) талабот вуҷуд дорад.

“Ин масъала низ айни замон баррасӣ мешавад”, – хабар дод манбаъ.

Байни Тоҷикистону Ӯзбекистон равуои автобусҳо дар хатсайри нави Қӯқанд-Шайдон (ноҳияи Ашт) бо автобусҳои тамғаи «Исузу» ва таксиҳо шурӯъ шуд. Ҷипта ба як самт 23 ҳазор сӯм (тақрибан 25 сомонӣ) нарх дорад. Масофаи байни шаҳрҳо 84 км мебошад.

Қобили зикр аст, ки байни Тоҷикистону Ӯзбекистон хатсайрҳои дигари автосусҳо низ ҳаракат мекунанд, аз қабили Тошканд-Хуҷанд, Самарқанд-Панҷакент ва ғайра.

Мутаассифона, хатсайри қаблан роҳандозишудаи Душанбе-Тирмиз барҳам хӯрд. Ба гуфтаи намояндаи ширкат, автобус дар ин самт “бинобар зиёновар буданаш” ҳаракат намекунад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...