Ҳаҷми қарзи Тоҷикистон ба Чин беш аз 1,5 млрд. доллар шуд

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Қарзи хориҷии Тоҷикистон дар аввали нимсолаи дуюми соли равон 35,9% аз ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишварро ташкил додааст.

Ҳаҷми умумии қарзҳои ҷалбшуда аз Чин барои амалисозии лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ба ҳудуди 1 млрд. 525 млн. доллар баробар аст. Дар ин бора муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Акрамшо Фелалиев рӯзи 25-уми октябр зимни мулоқот бо намояндагони расмии шаҳри Сямени Чин иброз дошт.

Вай афзуд, ки ҳукумати Чин тӯли 24 соли охир барои татбиқи лоиҳаҳои рушди иқтисоди Тоҷикистон, аз ҷумла, таҷдиди роҳҳои байнулмилалии нақлиётӣ, дастрасӣ ба нерӯи барқ ва ғайра мусоидат кард.

Фелалиев гуфтааст, ки сармоягузории ҳукумати Чин ба иқтисоди Тоҷикистон тавассути Бонки содироту воридоти ин кишвар (Эксимбонк) сурат мепазирад.

Ба қавли ӯ, аз ҳисоби қарзҳои ҳукумати Чин ҳашт лоиҳа ба маблағи умумии 1 млрд. 15 млн. доллар амалӣ шудааст.

Аз ҷумлаи ин лоиҳаҳо «Хати интиқоли барқи 500кВ «Ҷануб-Шимол», «Хати интиқоли барқи 220кВ «Лолазор-Хатлон», «Сохтмони хати интиқоли барқи 220 кВ «Ҳуҷанд – Айнӣ», «Таҷдиди зеристгоҳи «Регар – 500 Кв», «Созмон додани шабакаи ягонаи шимоли Тоҷикистон», «Системаи автоматикунонии идораи нақлиёти шаҳри Душанбе», «Таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанб – Чаноқ» ва «Таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе – Данғара» мебошанд.

Фелалиев зикр кард, ки айни замон бо қарзҳои ҳукумати Чин се лоиҳа ба маблағи умумии наздики 510 млн. доллар татбиқ мешавад.

Бино ба маълумоти Вазорати молияи ҶТ, қарзи берунаи Тоҷикистон дар аввали нимсолаи дуюми соли ҷорӣ ҳудуди 2,9 млрд. долларро ташкил медиҳад, ки 35,9%-и ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар аст. Дар сохтори қарзи хориҷии Тоҷикистон беш аз 1,5 млрд. (ҳудуди 52%) доллараш ба қарзҳои ҳукумати Чин рост меояд.

Аввали моҳи августи соли ҷорӣ вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе изҳор дошт, ки “дар соли минбаъдаи молиявӣ (солҳои 2019-2020) мо бештар ба ҷалби грантҳо манфиатдорем, то ки ҳаҷми қарзҳо зиёд нашавад”.

Дар робита ба ҳиссаи Чин дар қарзи хориҷии Тоҷикистон, вазир қайд кард, ки дар ин самт ҷумҳурӣ ба ҳамкорӣ бо ҳамаи давлатҳо омода аст.

“Мо сиёсати дарҳои бозро роҳандозӣ карда, ин ба масъалаи ҷалби захираҳои молиявӣ низ дахл дорад. Чин ё ягон кишвари дигаре бошад ҳам, мо ба ҷалби маблағҳо бо шартҳои имтиёзнок баҳри расидан ба ҳадафҳои стратегӣ манфиатдорем”, – гуфт ӯ.

Дар ҳамин ҳол, вазири молия эътироф кард, ки дар самти ҷалби сармоягузориҳо ба кишвар Чин мавқеи муҳим дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...