Дандонпизишкон лозиманд. Ба муҳоҷирони табиб шаҳрвандии Русия додан мехоҳанд

Мушкили норасоии табибони соҳавӣ ва ҳайати тиббии сатҳи хурду миёна, омӯзгорон, челонгарон, тракторчиҳо ва дигар мутахассисони соҳибихтисосро ҳукумати Русия аз ҳисоби хориҷиён ҳал карданист. Дар рӯйхати ихтисосҳое, ки барои онҳо гирифтани шаҳрвандии Русияро осон мекунанд, 135 номгӯй зикр шудааст. Дар ин бора  «Парламентская газета» хабар медиҳад. Муҳоҷирон вазъи демографиро ислоҳ мекунанд Дар маводи таҳлилии Вазорати рушди […]

Мушкили норасоии табибони соҳавӣ ва ҳайати тиббии сатҳи хурду миёна, омӯзгорон, челонгарон, тракторчиҳо ва дигар мутахассисони соҳибихтисосро ҳукумати Русия аз ҳисоби хориҷиён ҳал карданист. Дар рӯйхати ихтисосҳое, ки барои онҳо гирифтани шаҳрвандии Русияро осон мекунанд, 135 номгӯй зикр шудааст. Дар ин бора  «Парламентская газета» хабар медиҳад.

Муҳоҷирон вазъи демографиро ислоҳ мекунанд

Дар маводи таҳлилии Вазорати рушди иқтисод қайд мешавад, ки шумори аҳолии Русия дар ҳоли камшавӣ қарор дошта, то соли 2023 он танҳо ба туфайли вуруди муҳоҷирон афзоиш меёбад. Сабаби он тамоюли устувори пиршавии мардум, ҳамчунин сатҳи баланди маргу мири аҳолии коршоям унвон мешавад.

Тибқи маълумоти Идораи омори Русия, соли гузашта камшавии табиии аҳолиро 57,2% афзоиши вуруди муҳоҷирон ҷуброн кардааст. Дар ҳукумат бар ин назаранд, ки ҷалби “сармояи инсонии баландсифат”, дар навбати аввал ҳамватанони бурунмарзӣ, мутахассисони соҳибихтисос ва ҷавонони ояндадор аз хориҷи кишвар ба таъмини бозори меҳнат бо кадрҳои зарурӣ шароит фароҳам меорад.

Афзалият ба табибон 

Соли гузашта барои ҳамватанон сабукиҳои зиёд дода шуд, аз ҷумла, ба таври содда ба шаҳрвандии Русия соҳиб шудани сокинони Донбас, лоиҳаи қонун дар бораи ислоҳи низоми гирифтани Ҳуҷҷати иҷозаи зист (ВНЖ) ва васеъ шудани номгӯйи имтиёзҳо барои иштирокчиёни барномаи кӯчбандии ҳамватанони бурунмарзӣ.

Тартиби гирифтани шаҳрвандии Русия барои мутахассисони баландихтисос аз соли 2014 амал карда, Вазорати меҳнат номгӯйи ихтисосҳоеро, ки иқтисод ба он ниёз дорад, муайян мекунад ва хориҷиёни дорои чунин касбу малакаҳо бо ин тартиб қонунӣ кору зиндагӣ карда метавонанд.

Аз 2-юми октябр муҳлати ҳатмии кори муҳоҷирони меҳнатии баландихтисос барои гирифтани шаҳрвандии Русия ҳамагӣ 1 сол (қаблан – 3 сол) муқаррар шуда, шарти асосӣ ин аст, ки корфармо ба Фонди нафақа ҳақмузди суғуртаи мутахассиси хориҷиро гузаронад.

Дар номгӯйи амалкунанада 74 ихтисос зикр шуда, дар Консепсияи сиёсати муҳоҷирати Русия васеъ кардани он то 135 ихтисос пешбинӣ шудааст, ки табибон (духтурон) ва ҳайати хурду миёнаи тиббиро дар бар мегирад.

Мувофиқи номгӯйи нав, дар Русия ба хориҷиёни машғули кор дар бахши кишоварзӣ низ талабот пайдо шудааст, аз ҷумла, ба агрономҳо ва кормандони соҳаи кимиё, моҳипарварон, зоотехник, байторон, челонгарони техникаи кишоварзӣ ва ронандагони трактор. Ҳукумати Русия додани шаҳрвандиро ба мураббиёну омӯзгорон, техник-харитасоз, технологи саноати хӯрокворӣ, муҳандиси саноати кӯҳкорӣ, устои пармагар, механизатор, кормандони соҳаи расонаҳо: ровиён, хабарнигорон ва муҳаррирон низ ба нақша гирифтааст.

Дар Вазорати меҳнат изҳор доштанд, ки номгӯйи нави ихтисосҳо бар асоси пешниҳоди ҳокимияти федералии иҷроия ва минтақаҳо тартиб дода шудааст. 

Бозор ба коргарон ниёз дорад

«Вазорати меҳнат ихтисосҳоеро муайян кардааст, ки кишвари мо ба онҳо эҳтиёҷ дорад”, – тасдиқ кардааст раиси Кумитаи меҳнат, сиёсати иҷтимоӣ ва умури собиқадорони Думаи давлатӣ Ярослав Нилов. Ба гуфтаи ӯ, дар номгӯйи ихтисосҳои шаҳрвандони хориҷӣ соҳаҳои асосии иқтисод, ки ба норасоии кадрҳо дучоранд, зикр шудаанд. Мушкили камбуди мутахассисон дар бозори меҳнатро вакил ба тарки ин кишвар кардани теъдоди зиёди кадрҳои баландихтисос рабт додааст.

Зикр шудааст, ки дар баъзе соҳаҳо муҳоҷирон русиягиҳоро бо розӣ буданашон ба маоши паст ва душвории ҳимояи ҳуқуқи худ аз бозор берун мекунанд, ки аз ин тоҷирон ва мансабдорони тамаъкор истифода мебаранд, вале ин ҳолат бештар ба бозори касбҳои пастихтисос дахл дорад.

Чӣ гуна хориҷиён ихтисоси худро тасдиқ мекунанд?

Дар Русия ба ин кор ФГБУ Маркази асосии давлатии коршиносӣ (Главэкспертцентр) оид ба баҳодиҳӣ ба маълумот машғул буда, маҳз дар ҳамин ҷо расмиёти эътироф, тасдиқ ва қонунигардонии ҳуҷҷатҳо дар бораи маълумот анҷом мепазирад. Танҳо баъд аз санҷиши ин ниҳод корфармо ба дурустии дипломҳои корҷӯён аз Аврупо, Осиё ва Африқо бовар карда метавонад.

Русия бо даҳҳо мамлакат, бештар бо кишварҳои узви ИДМ ва давлатҳои Осиё дар бораи эътирофи ҳуҷҷатҳо дар бораи маълумот созишномаҳо ба имзо расонидааст. Дар асл ин чунин маъно дорад, ки ба гунаи мисол, дипломи Донишгоҳи тиббии Озарбойҷон бо тартиби соддашуда санҷида мешавад.

Дипломи кишварҳое, ки дар Русия эътироф намешавад, ба кор дар ин кишвар имкон дода, санҷиши онҳо муҳлати бештар талаб мекунад. Аз ҷумла, онҳо бар асоси ташхис  тасдиқ карда мешаванд. Дипломҳои табибон, омӯзгорон, халабонҳо (лётчикҳо) ва ихтисосҳои марбут ба таъмини амният дақиқкорона санҷида мешаванд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.