Ҳалокати 5 нафар дар садамаҳои нақлиётӣ

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Дар натиҷаи садамаҳои нақлиётии рӯзҳои истироҳат 5 кас фавтидааст. Яке аз онҳо писари панҷсола будааст, хабар медиҳад хадамоти матбуоти ВКД.

Рӯзи 27-уми октябр дар роҳи нақлиётгарди Душанбе – Данғара  ронандаи автомашинаи тамғаи “ДЭУ-Ланос” Илҳом Мирзоеви 61-сола дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Оқсӯ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи “Лада-Приора” таҳти идораи Алишер Ҳакимзода бархӯрдааст. Дар натиҷа мусофирони автомашинаи тамғаи “ДЭУ-Ланос” Тоҷиддин Раҷабов,  Анваршо Гулов ва Вайсиддин Мирзоев  дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Ронандагони ду мошин ва як мусофири дигари автомашинаи тамғаи “ДЭУ-Ланос” ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, бистарии беморхона шудаанд.

 Дар ин рӯз ронандаи автомашинаи тамғаи “ВАЗ-21011”  Алиқул Янгихонови 77-сола ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди деҳаи Ӯзбекистони шаҳри Ҳисор аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди панҷсола Саид Раҳмоновро пахш карудааст. Писари хурдсол дар беморхона фавтидааст.

Ҳамчунин  рӯзи 26-уми октябр ронандаи автомашинаи тамғаи “ВАЗ-2106” Охун Исматуллоев  сокини дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ пиёдагарди шахсияташ номаълуми тахминан 30-35-соларо пахш кардааст. Дар натиҷа пиёдагард дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Аз рӯйи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...