Дар Тоҷикистон шимоли Афғонистонро сарчашмаи асосии бесуботӣ медонанд

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров изҳор дошт, ки Тоҷикистон барои таъмини амният ва ҳимояи манфиатҳои ҳаётан муҳими худ аз тамоми имконоти мавҷуда истифода мекунад.

“Ба  роҳу усули сиёсиву дипломатӣ ва дигар воситаҳои ғайринизомӣ афзалият дода мешавад”, – гуфтааст Зуҳуров имрӯз, 28-уми октябр дар Душанбе зимни ҷаласаи Машварати ҳамоҳангсози раисони кумитаҳои мудофиа ва амнияти парлумонҳои кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД).

Ӯ қайд кардааст, ки имконоти ҳарбии Тоҷикистон мувофиқи созишномаҳо бо Русия, аз ҷумла, ҳузури пойгоҳи низомии 201-ум дар қаламрави кишвар, ҳамчунин қарордодҳо дар доираи ИДМ, СААД ва СҲШ дар бораи муқовимат бо таҳдиди беруна, тахрибкорӣ ва ҷинояткорӣ таъмин мешавад.

Ба сифати сарчашмаи асосии бесуботӣ, ба гуфтаи ӯ, минтақаи шимоли Афғонистон баррасӣ мешавад, ки ба эътидол овардани вазъи ҳарбиву сиёсӣ дар он бидуни иштироки ҷомеаи байнулмилалӣ ғайриимкон аст.

“Роҷеъ ба мавқеи Тоҷикистон нисбат ба вазъ дар Афғонистон раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон  дар мусоҳибаи муфассал бо “Ал-Ҷазира” 4-уми октябри соли равон ба таври возеҳу равшан баён кард, ки  «тақдири кишвар дар дасти мардуми Афғонистон аст ва онҳо ояндаи худро бояд муайян кунанд. Муноқишаи Афғонистон бояд танҳо тавассути музокироти сулҳомез ҳал шавад ва хуб мебуд, агар дар ҷараёни гуфтушунид байни ИМА ва ҳаракати “Толибон” ҳукумати Афғонистон нақши бештаре дошта, давлатҳои ҳамсоя бо ин кишвар ба ин раванд ҷалб шаванд”, – хотиррасон кардааст Шукурҷон Зуҳуров.

Зимнан таъкид шудааст, ки соли 2015 дар Тоҷикистон фаъолияти аҳзоби ифротгаро, ки хусусиятҳои тахрибкорӣ, ҷудоиандозӣ ва тундгароии динӣ доштанд, расман манъ шуд.

Зуҳуров зикр кардааст, ки солҳои охир дар натиҷаи фаъолияти муваффақонаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тамоюли суст шудани ҷараёни гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир тавассути қаламрави Тоҷикистон ба назар мерасад.

“Ҳамин тавр, тӯли 5 сол шумораи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар кишварҳои дигар барои қочоқи маводи мухаддир боздошт шудаанд, беш аз ду маротиба ва миқдори маводи мухаддири мусодирашуда аз онҳо шаш маротиба кам шудааст”, – изҳор дошт ӯ.

Вай афзуд, ки вохӯрии имрӯза далели густариши ҳамкорӣ миёни давлатҳои узви СААД мебошад, ки бо андешаи ягонае, ки имрӯзҳо чандин кишвари ҷаҳонро нигарон сохтааст, муттаҳид шудаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...