Дастаи футзали Тоҷикистон ба Чемпионати Осиё-2020 роҳхат гирифт

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Футболбозони тоҷик дар 2 бозии аввали марҳилаи интихобӣ бар ҳарифон пирӯз шуда, аз тими Ӯзбекистон шикаст хӯрданд.

Тими футзали кишвар бо роҳбарии сармураббӣ Деян Дедович дар марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020, ки дар Урмияи Эрон баргузор шуд, дар гурӯҳи “А”-и минтақаи Марказӣ/Ҷанубӣ се бозӣ баргузор карда, дар ду бозӣ бар тимҳои Непал (6:0), Афғонистон (5:2) ғалаба кард. Вале аз тими футзали Ӯзбекистон (3:9) шикаст хурд.

Ба иттилои Кумитаи миллии олимпӣ, дар гурӯҳи “А”-и минтақаи Марказӣ/Ҷанубӣ Ӯзбекистон бо се пирӯзӣ ҷойи аввал, Тоҷикистон бо ду ғалаба ва як бохт ҷойи дуюмро ишғол карда, ба марҳилаи финалии Чемпионати Осиё-2020 роҳ ёфтанд. Аз гурӯҳи “В” дастаҳои Эрон, Қирғизистон ва Туркманистон (мизбон) ҳаққи иштирок дар марҳилаи финалиро пайдо карданд.

Дар минтақаҳои дигар низ бозиҳои интихобӣ баргузор шуда, ҳамаи 16 дастаи иштирокчии марҳилаи финалӣ муайян шуданд. Ин дастаҳои Туркманистон (мизбон), Лубнон, Кувайт, Арабистони Саудӣ, Баҳрайн, Уммон, Ҷопон, Чин, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Эрон, Қирғизистон, Тайланд, Индонезия, Кореяи Ҷанубӣ ва  Ветнам мебошанд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футболи толорӣ, ки ба марҳилаи финалии Чемпионати Осиё роҳхат гирифт, рӯзи 27-уми октябр аз Эрон ба Ватан баргашт.

Ёдрас мешавем, ки марҳилаи финалии Чемпионати Осиё оид ба футзал аз 27-уми феврал то 8-уми марти соли оянда дар шаҳри Ашқободи Туркманистон баргузор мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...