Дастаи футзали Тоҷикистон ба Чемпионати Осиё-2020 роҳхат гирифт

Футболбозони тоҷик дар 2 бозии аввали марҳилаи интихобӣ бар ҳарифон пирӯз шуда, аз тими Ӯзбекистон шикаст хӯрданд. Тими футзали кишвар бо роҳбарии сармураббӣ Деян Дедович дар марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020, ки дар Урмияи Эрон баргузор шуд, дар гурӯҳи “А”-и минтақаи Марказӣ/Ҷанубӣ се бозӣ баргузор карда, дар ду бозӣ бар тимҳои Непал (6:0), Афғонистон (5:2) ғалаба кард. […]

Футболбозони тоҷик дар 2 бозии аввали марҳилаи интихобӣ бар ҳарифон пирӯз шуда, аз тими Ӯзбекистон шикаст хӯрданд.

Тими футзали кишвар бо роҳбарии сармураббӣ Деян Дедович дар марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020, ки дар Урмияи Эрон баргузор шуд, дар гурӯҳи “А”-и минтақаи Марказӣ/Ҷанубӣ се бозӣ баргузор карда, дар ду бозӣ бар тимҳои Непал (6:0), Афғонистон (5:2) ғалаба кард. Вале аз тими футзали Ӯзбекистон (3:9) шикаст хурд.

Ба иттилои Кумитаи миллии олимпӣ, дар гурӯҳи “А”-и минтақаи Марказӣ/Ҷанубӣ Ӯзбекистон бо се пирӯзӣ ҷойи аввал, Тоҷикистон бо ду ғалаба ва як бохт ҷойи дуюмро ишғол карда, ба марҳилаи финалии Чемпионати Осиё-2020 роҳ ёфтанд. Аз гурӯҳи “В” дастаҳои Эрон, Қирғизистон ва Туркманистон (мизбон) ҳаққи иштирок дар марҳилаи финалиро пайдо карданд.

Дар минтақаҳои дигар низ бозиҳои интихобӣ баргузор шуда, ҳамаи 16 дастаи иштирокчии марҳилаи финалӣ муайян шуданд. Ин дастаҳои Туркманистон (мизбон), Лубнон, Кувайт, Арабистони Саудӣ, Баҳрайн, Уммон, Ҷопон, Чин, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Эрон, Қирғизистон, Тайланд, Индонезия, Кореяи Ҷанубӣ ва  Ветнам мебошанд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футболи толорӣ, ки ба марҳилаи финалии Чемпионати Осиё роҳхат гирифт, рӯзи 27-уми октябр аз Эрон ба Ватан баргашт.

Ёдрас мешавем, ки марҳилаи финалии Чемпионати Осиё оид ба футзал аз 27-уми феврал то 8-уми марти соли оянда дар шаҳри Ашқободи Туркманистон баргузор мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.