АНОНС
– Дар Душанбе Ҷашнвораи дуюми филмҳои фаронсавӣ оғоз мегардад. Намоиши филмҳо ҳамарӯза соати 17:30 дар толори “Тоҷикфилм” баргузор мешавад. Даромадан ба тамошои филмҳо бепул аст;
– Дар Будапешт (Венгрия) Чемпионати ҷаҳон оид ба гуштигирӣ, аз ҷумла гуштии тарзи озод, юномниву румӣ ва гуштигирӣ байни замон шурӯъ мешавад. Синни иштирокчиён то 23-сола мебошад. Мунтахаби Тоҷикистон низ ҳузур дорад.
ҚУРБИ АСЪОР
Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:
1 доллари ИМА – 9.6945 сомонӣ;
1 евро – 10.7628 сомонӣ;
1 рубли русӣ – 0.1515 сомонӣ.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ
1951 – Таъсиси нашриёти «Дониш»-и Академияи улуми Тоҷикистон.
2008 — Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ «Муқаррарот дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодии «Суғд» ва «Панҷ»-ро тасдиқ кард.
2009 — ҶСК «НБО Роғун» ва ҶСК «Турбоатом» Созишнома дар бораи ҳамкории дарозмуҳлатро ба имзо расониданд.
1929-1993 – Зодрӯзи нависанда-фантаст Қулмуҳаммад Абдулҳусейнов.
1950 – Мавлуди олим Алии Муҳаммадии Хуросонӣ.
1958 – Зодрӯзи доктори улуми иқтисодӣ Ихтиёр Ашӯров.
1963 – Мавлуди овозхон Раъно Абдуллоева.
Харитаи интерактивии вазъи обуҳаво дар Тоҷикистон рӯзи 29 октябр аз ширкати Windy.com-и Чехия.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.


