Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, вазъи обуҳаво

АНОНС – Дар Душанбе Ҷашнвораи дуюми филмҳои фаронсавӣ оғоз мегардад. Намоиши филмҳо ҳамарӯза соати 17:30 дар толори “Тоҷикфилм” баргузор мешавад. Даромадан ба тамошои филмҳо бепул аст; – Дар Будапешт (Венгрия) Чемпионати ҷаҳон оид ба гуштигирӣ, аз ҷумла гуштии тарзи озод, юномниву румӣ ва гуштигирӣ байни замон шурӯъ мешавад. Синни иштирокчиён то 23-сола мебошад. Мунтахаби Тоҷикистон […]

АНОНС

– Дар Душанбе Ҷашнвораи дуюми филмҳои фаронсавӣ оғоз мегардад. Намоиши филмҳо ҳамарӯза соати 17:30 дар толори “Тоҷикфилм” баргузор мешавад. Даромадан ба тамошои филмҳо бепул аст;

– Дар Будапешт (Венгрия) Чемпионати ҷаҳон оид ба гуштигирӣ, аз ҷумла гуштии тарзи озод, юномниву румӣ ва гуштигирӣ байни замон шурӯъ мешавад. Синни иштирокчиён то 23-сола мебошад. Мунтахаби Тоҷикистон низ ҳузур дорад.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  9.6945 сомонӣ;

1 евро – 10.7628 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1515 сомонӣ. 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1951 – Таъсиси нашриёти «Дониш»-и Академияи улуми Тоҷикистон.

2008 — Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ «Муқаррарот дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодии «Суғд» ва «Панҷ»-ро тасдиқ кард.

2009 — ҶСК «НБО Роғун» ва ҶСК «Турбоатом» Созишнома дар бораи ҳамкории дарозмуҳлатро ба имзо расониданд.

1929-1993 – Зодрӯзи нависанда-фантаст Қулмуҳаммад Абдулҳусейнов.

1950 – Мавлуди олим Алии Муҳаммадии Хуросонӣ.

1958 – Зодрӯзи доктори улуми иқтисодӣ Ихтиёр Ашӯров.

1963 – Мавлуди овозхон Раъно Абдуллоева.

Харитаи интерактивии вазъи обуҳаво дар Тоҷикистон рӯзи 29 октябр аз ширкати Windy.com-и Чехия.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.