Иҷозаи иштироки самбочиёни тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон

Варзишгарони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо дар Чхонджуи Кореяи Ҷанубӣ иштирок мекунанд. Қаблан Сеул бо хавфи пас аз мусобиқаи соли 2016 ба ватан барнагаштани 4 гуштигири тоҷик аз додани раводид худдорӣ карда буд. Чемпионати ҷаҳон оид самбо рӯзҳои 8-10 ноябр дар Кореяи Ҷанубӣ доир мегардад. Қувваозмоиҳо байни беҳтарин самбочииёни ҷаҳон дар 27 вазн: 9 […]

Asia-Plus

Варзишгарони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо дар Чхонджуи Кореяи Ҷанубӣ иштирок мекунанд.

Қаблан Сеул бо хавфи пас аз мусобиқаи соли 2016 ба ватан барнагаштани 4 гуштигири тоҷик аз додани раводид худдорӣ карда буд.

Чемпионати ҷаҳон оид самбо рӯзҳои 8-10 ноябр дар Кореяи Ҷанубӣ доир мегардад. Қувваозмоиҳо байни беҳтарин самбочииёни ҷаҳон дар 27 вазн: 9 вазн байни занон, 9 вазн миёни мардон ва 9 вазни самбои ҳарбӣ сурат мегиранд.

Федератсияи самбои Тоҷикистон хабар медиҳад, ки 9 варзишгари тоҷик ва сармураббии онҳо ба Кореяи Ҷанубӣ раводид гирифтаанд.

Аммо ному насаби варзишгароне, ки ба ин мусобиқа мераванд, то ҳол эълон нашудааст.

Қобили зикр аст, ки дар мавсими гузаштаи чемпионати ҷаҳон дар Бухарест самбочиёни тоҷик ба дарёфти 4 медал – 1 тилло ва 3 биринҷӣ шарафёб гардида буданд. Хушқадам Хусравов дар қувваозмоии финалӣ ба гуштигир аз Русия Руслан Багдасарян дастболо шуда, унвони қаҳрамони ҷаҳонро соҳиб шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 апрели соли 2026

Аз Рӯзи радио дар Тоҷикистон то зодрӯзи Марворид Қосимоваю Бозгул Додхудоева то даргузашти Талабхӯҷа Сатторов

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.