Эмомалӣ Раҳмон ҳайати парлумони Аврупоро ба ҳузур пазируфт

Раиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар Қасри миллат ҳайати вакилони Парлумони Аврупоро таҳти роҳбарии Фулвио Мартушиелло ба ҳузур пазируфт. Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот Иттиҳоди Аврупоро аз ҷумлаи шарикони муҳимми Тоҷикистон дар арсаи байнулмилалӣ номид, хабар медиҳад хадамоти матбуоти сарвари давлат. Таъкид гардид, ки Тоҷикистон манфиатдор аст, робитаҳояшро бо парлумони Аврупо дар самтҳои такмили парламентаризм, волоияти қонун, […]

Раиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар Қасри миллат ҳайати вакилони Парлумони Аврупоро таҳти роҳбарии Фулвио Мартушиелло ба ҳузур пазируфт.

Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот Иттиҳоди Аврупоро аз ҷумлаи шарикони муҳимми Тоҷикистон дар арсаи байнулмилалӣ номид, хабар медиҳад хадамоти матбуоти сарвари давлат.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон манфиатдор аст, робитаҳояшро бо парлумони Аврупо дар самтҳои такмили парламентаризм, волоияти қонун, соҳаҳои гуманитарӣ ва ҳуқуқи инсон, бахши маориф ва дигар масъалаҳои мавриди назар минбаъд ҳам густариш диҳад.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин масоили муборизаи муштарак бо таҳдиду хатарҳои глобалӣ ва пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон баррасӣ гардида, идомаи ҳамкорӣ бо барномаҳои БОМКА ва КАДАП зарур шуморида шуд.

Қобили зикр аст, ки рӯзи 31-уми октябр дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 8-уми кумитаи ҳамкориҳои парлумонии иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон баргузор шуда, дар он маҷмӯи васеи масоили ҳамкории дуҷониба баррасӣ гардид.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти МНМО ҶТ,  раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Шариф Раҳимзода ҳайати парлумони Аврупоро бо дастовардҳои кишвар дар соҳаҳои иқтисоду энергетика шинос карда, аз вакилони аврупоӣ даъват кард, ки ба ҷалби сармоягузориҳо ба Тоҷикистон аз кишварҳои Иттиҳоди Аврупо мусоидат кунанд.

Ҳайати парлумони Аврупо дирӯз бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон низ мулоқот кардааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.